Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйдиҳӣ дар Қирғизистон. Зиндонии собиқ ба тақвияти қудрат умед дорад


Яке аз қитъаҳои раъйдиҳӣ дар Бишкек. 10-уми январи 2021
Яке аз қитъаҳои раъйдиҳӣ дар Бишкек. 10-уми январи 2021

Дар Қирғизистон 10-уми январ интихоботи президентӣ ҳамзамон бо раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосӣ оғоз шуд.

Референдуми рӯзи якшанбе маълум мекунад, ки ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон низоми порлумониро ҳифз хоҳад кард ва ё ба низоми идораи президентӣ мегузарад.

Қирғизистон 6.5 миллион аҳолӣ дорад. Иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдори Бишкек аз мардум хостааст, ба пойи сандуқҳои раъй рафта, нагузоранд, ки ба қавли ӯ "нирӯҳои иғвогар" интихобот ва натиҷаҳои онро барбод диҳанд.

Интихоботи зудҳангоми президентӣ баъди он баргузор мешавад, ки натиҷаҳои интихоботи порлумонии 4-уми октябри 2020 боис ба беназмиҳо шуд ва мақомот зери фишори эътирозгарон натиҷаҳои онро бекор карданд.

Норозиён ҳукуматро барои харидани овозҳо ба тарафдорӣ аз ҳизбҳои наздик ба раиси ҷумҳури вақт Сооронбой Ҷеенбеков муттаҳам карданд. Ҷеенбков баъдан ба истеъфо рафт.

Дар ҳамин ҳол, сиёсатмадори 52-сола Содир Ҷабборов умед дорад, ки дар интихоботи президентии рӯзи якшанбе пирӯз меояд. Вай ҳамагӣ се моҳ пеш, дар пайи интихоботи ҷанҷолбарангези порлумонӣ, аз тарафи норозиён аз зиндон озод гардид ва якбора ба мансаби сарвазир ва сипас иҷрокунандаи президент расид.

XS
SM
MD
LG