Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ мудири собиқи Радиои Озодӣ ба Ҷо Байден нома фиристодаанд


Радиои Озодӣ яке аз расонаҳои байналмилалии Амрикост, ки барои бештар аз 20 кишвар барнома нашр мекунад.
Радиои Озодӣ яке аз расонаҳои байналмилалии Амрикост, ки барои бештар аз 20 кишвар барнома нашр мекунад.

Панҷ мудири собиқи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз Ҷо Байден, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Амрико хостаанд, баъди нишастан ба курсии раиси ҷумҳур, ба ҷойи Майкл Пак мудири Оҷонси суханпарокании Амрико каси дигареро таъйин кунад.

Дар номаи муштараки онҳо ба унвони Ҷо Байден, аз ӯ тақозо шудааст, ки бо андешидани тадобири дигар “тамомияту дурустӣ”-и расонаҳои байналмилалии Амрикоро, ки давлат маблағгузорӣ мекунад, муҳофизат намояд.

Дар номае, ки рӯзи 8-уми январ фиристодаанд, мудирони собиқи Радиои Озодӣ гуфтаанд, амалкардҳои шахсӣ ва сиёсии Майкл Пак "барои бор кардани ранги идеологӣ дар барномаҳо ва таҳти назорати сахти ҳукуматӣ қарор додани расонаҳои байналмилалии Амрико равона шудааст ва эътибору самараи онҳоро зери хатар мегузорад.”

Оҷонси суханпарокании Иёлоти Муттаҳидаи Амрико USAGM, радиову телевизиони Садои Амрико, Радиои Озодӣ, Радиои Осиёи Озод ва чанде дигар аз расонаҳои Амрикоро зери назар дорад, ки барои кишварҳои орӣ аз матбуоти озод барнома нашр мекунанд. Майкл Пакро раиси ҷумҳур Доналд Трамп, мудири USAGM таъйин кард ва ӯ июни соли 2020 ба иҷрои вазифаҳояш оғоз кард.

Дар номаи мудирони собиқи Радиои Озодӣ омадааст, таъйини Майкл Пак дар рӯзҳои охири ҳукумати Трамп талош барои мондани “гумоштаҳои идеологиаш” барои ду соли оянда ва “комилан тағйир додани ҳамкории ин расонаҳо бо ҳукумат аст.”

XS
SM
MD
LG