Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли мадании қазоқистонӣ Макс Бокаев 4 феврал аз зиндон озод хоҳад шуд


Макс Бокаев, фаъоли мадании қазоқистонӣ қарор аст, рӯзи 4-уми феврали соли ҷорӣ аз зиндон озод шавад. Ӯро баъди гирдиҳамоиҳои зидди ислоҳоти замин ба 5 соли зиндон маҳкум карда буданд.

Хабари озодшавии Бокаевро, Талгат Аян, ҳамсафи Макс Бокаев дар саҳифаи Фейсбук навишт.

Макс Бокаеви 46-сола бо айби барангехтани ихтилофи иҷтимоӣ, нақзи қонуни баргузории тазоҳурот ва паҳни иттилои дурӯғ моҳи ноябри соли 2016 панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Маҳкумшуда ин айбҳоро рад мекунад ва ҳомиёни ҳуқуқу ҷонибдоронаш парвандаи вайро сиёсӣ меноманд. Муҳлати ҷазои ӯ моҳи ферали соли 2021 ба поён мерасад, вале Бокаев аз дархости озодии пеш аз муҳлаташ худдорӣ кард.

Бокаевро соли 2018 аз зиндони влояти Қазоқистони Шимолӣ ба маҳбаси Оқтеппа интиқол дода буданд. Дар пайи дархости батакрори наздиконаш ӯро моҳи сентябри имсол ба маҳбаси Атирау бурданд.

XS
SM
MD
LG