Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 нафар дар ноҳияи Айнӣ. Мақомот: Мошин ба ҷарӣ нишеб шуд


Ноҳияи Айнӣ. Акс аз бойгонӣ.
Ноҳияи Айнӣ. Акс аз бойгонӣ.

Мошине дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба ҷаррӣ ғалтид ва панҷ нафар, аз ҷумла як кӯдаки ҳафтсола, ҷон дода, як нафари дигар захмӣ шудааст. Мақомот гуфтанд, ҳодиса шаби 7-уми январ рух дод. Фавтидагон сокинони ноҳияи Деваштич ва хешу табор будаанд.

Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки мошини "Opel Astra G", ки аз ҷониби сокини 62-солаи Деваштич идора мешуд, дар Зимарғи ноҳияи Айнӣ ба ҷарии 400 метр нишеб шуд. Ба иттилои манбаъ, маъмурони наҷот ба ҷойи ҳодиса рафта, ҷасадҳоро берун овардаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар баёнияе расман аз шаҳрвандон хостааст, "дар рӯзҳои сарду яхӣ қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд, эҳтиёткор бошанд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд."

XS
SM
MD
LG