Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши президенти Қазоқистон ба суханҳои Никонов дар бораи "туҳфаи Русия"


Қосимҷомарт Тоқаев
Қосимҷомарт Тоқаев

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар як матлаби худ дар нашрияи Egemen Qazaqstan гуфтааст, "касе ба Қазоқистон заминҳояшро туҳфа накардааст" ва сарвати ин кишвар заминҳое ҳастанд, ки аз гузаштагонаш ба мерос мондаанд.

"Таърихи мо аз солҳои 1991 ё 1936 оғоз намешавад. Мардуми мо дар ин минтақа дар давраи Хонигариҳои қазоқҳо ва Тахти тилоӣ зиндагӣ карда, ба воя расидаанд", - навиштааст Тоқаев. Ӯ қайд карда, ки дар баробари суханҳои иғвобарангезонаи бархе аз шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба тамомияти арзии мо шак доранд, бояд истодагарӣ кард.

Вале президенти Қазоқистон дақиқ нагуфтааст, ки кадом шаҳрвандони хориҷиро дар назар дорад.

"Ҳар чизе нагӯянд, мо хати марзеро дорем, ки аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ эътироф ва дар асоси созишномаҳои дуҷониба кашида шудааст", - илова кардааст президенти Қазоқистон.

Ин даъвати Тоқаев дар ҳолест, ки вакили Думаи давлатӣ Вячеслав Никонов охирҳои соли гузашта дар суҳбат бо Шабакаи аввали кишвараш гуфта буд, "қаламрави Қазоқистон туҳфаи бузургест, ки аз ҷониби Русия дода шудааст".

XS
SM
MD
LG