Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намуди нави COVID-19 ба 41 кишвар паҳн шудааст


Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) мегӯяд, намуди нави коронавирус, ки бори нахуст дар Бритониё ошкор шуда буд, аллакай ба 41 кишвар паҳн гаштааст.

Ба иттилои Роспотребнадзор, намуди коронавируси "бритониёӣ" феълан дар Русия ба қайд гирифта нашудааст. "Намуди нави коронавирус (VOC-202012/01), ки бори нахуст дар Бритониё ошкор гашта буд, то 5 январ дар 40 кишвари дигар ба қайд гирифта шудааст", - гуфтааст СҶТ.

Ҳамчунин дар иттилоияи СҶТ дар бораи паҳншавии намуди 501Y.V2, ки бори нахуст дар Африқои Ҷанубӣ ошкор гашта буд, хабар дода шудааст. Ҳолатҳои мубталошавӣ ба он аллакай дар 7 кишвар сабт гаштааст.

Ба гуфтаи масъулони СҶТ, ҳафтаи севум аст, ки паи ҳам дар ҷаҳон беш аз 4 миллион ҳолати мубталошавӣ ба коронавируси нав сабт карда мешавад. Дар ин муддат шумори фавтидагон бар асари вирус ба 76 ҳазор расидааст. "Ҳаминтариқ аз аввали пандемия то ба ҳол зиёда аз 83 миллион одам ба коронавирус гирифтор шуда, 1,8 млн кас дар саросари ҷаҳон ҷон бохтааст", - афзудааст созмон.

Навъи нави вирус, ки зудтар сироят мекунад дар Бритониё бо суръат доман мезанад. Ба гуфтаи донишмандон, навъи нави коронавирус назар ба навъи маъмулиаш 70 дар сад тезтар сироят мекунад.

XS
SM
MD
LG