Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Қазоқистон ба афзоиши истихроҷи нафт талош доранд


Акс аз соли 2016
Акс аз соли 2016

Русия ва Қазоқистон талош доранд, дар мулоқоти навбатии аъзои ОПЕК+ ҳаҷми истихроҷи нафтро боло баранд.

ОПЕК ва кишварҳои дигари истихроҷкунандаи нафт, аз ҷумла Русия, дар мулоқоти моҳи декабри соли гузашта қарор карданд, ки эҳтимол дар соли нав талабот ба нафт афзоиш ёбад ва бинобар ин, ҳаҷми истихроҷи рӯзонаи нафтро то ба 500 ҳазор бушка боло бурданд.

Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, аз ин ба баъд барои баррасии вазъ ҳар моҳ ҷаласаи аъзои кишварҳои узви ОПЕК+ баргузор шавад.

Русия ва Қазоқистон дар мулоқоти 4-уми январ даъват карданд, ки ҳаҷми истихроҷи нафт дар моҳи феврали имсол боло бурда шавад. Вале бино ба иттилои хабаргузории Reuters, Ироқ, Нигерия ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ пешниҳод кардаанд, ҳаҷми истихроҷ дар як сатҳи устувор нигоҳ дошта шавад.

Вазири энержии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Салмон гуфт, гуруҳи ОПЕК+ бояд дар робита ба зиёд кардани ҳаҷми истихроҷи рӯзонаи нафт аз эҳтиёт кор бигирад. Зеро ба гуфтаи ӯ, намуди нави коронавирус пешгӯинашаванда аст.

Риёз ба истилоҳ, раҳбари ОПЕК аст ва ихтилофи назари он бо Русия дар моҳи марти соли гузашта боис ба поин рафтани нархи нафт ба сатҳи рекордӣ шуда буд. Ҷонибҳо танҳо дар моҳи апрел ба созиш расиданд, ки ҳаҷми рӯзонаи истихроҷро то ба 9,7 миллион бушка кам кунанд.

XS
SM
MD
LG