Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бритониё бори севвум карантини сартосарӣ эълом шуд


Борис Ҷонсон
Борис Ҷонсон

Борис Ҷонсон, сарвазири Бритониё шаби душанбе эълом кард, ки дар робита ба густариши якборагии вабои коронавирус, дар ҳудуди кишвараш карантини сартосарӣ ҷорӣ шуд.

Ба сокинон тавсия шудааст, танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ба кӯча бароянд, бештари мағозаҳо ва муассисаҳои хизматрасонӣ баст мешавад ва мактабҳо ба таҳсили фосилавӣ мегузаранд.

Бритониё аз шуруъи ҳамагир шудани вабои коронавирус бори севум аст, ки карантини сартосарӣ эълом мекунад. Бори аввал дар моҳи марти соли 2020, бори дувум дар моҳи ноябр ва инак дар моҳи январи соли 2021 дар он кишвар карантин эълом шуд.

Дар Бритониё моҳи гузашта ба воксинзании умумӣ шуруъ карданд. Наздики ним миллион аз сокинони Бритониё то ин замон воксин гирифтаанд. Сарвазири Бритониё гуфт, то миёнаҳои моҳи феврал аксари гуруҳи хатар ё риски кишвараш бояд воксин зада шаванд ва баъди он мумкин аст, карантин сабуктар карда шавад.

Дар Бритониё дар тамоми муддати хуруҷи вабои коронавирус бештар аз 2,5 миллион кас ба он мубтало ва зиёда аз 75 ҳазор кас фавтидааст. Дар рӯзҳои ахир дар Бритониё якбора бештар аз 50 ҳазор кас ба ин вабо мубтало шуданд.

XS
SM
MD
LG