Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфт, ғанисозии 20-дарсадии уранро дар Фарду аз сар гирифт


Акс аз моҳи ноябри 2019
Акс аз моҳи ноябри 2019

Ҳукумати Эрон гуфт, Теҳрон ғанисозии 20-дарсадии уранро дар таъсисот ё коргоҳи зеризаминии Фарду (Фордов) аз сар гирифтааст. Ин сатҳи ғанисозии уран аз ҳадде, ки дар созиши ҳастаии соли 2015-и Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ зикр шудааст, баландтар аст. Алии Рабеӣ, сухангӯйи ҳукумати Эрон, рӯзи 4-уми январ гуфт, барои анҷоми ин кор дастури раисҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ содир шудааст. Ин мавриди наве аз поймолшавии мувофиқатномаи ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳон аст. Аз замони берун шудани Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ дар соли 2018, Теҳрон татбиқи ин созишномаро кам кардааст.

XS
SM
MD
LG