Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Бритониё истирдоди Ҷулиан Ассанжро ба Амрико рад кард


Ҷонибдорони Ҷулиан Ассанж
Ҷонибдорони Ҷулиан Ассанж

Додгоҳе дар Бритониё рӯзи 4-уми январ дархости Иёлоти Муттаҳидаро барои истирдоди Ҷулиан Ассанж, бунёдгузори шабакаи Викиликс бо далели "нигаронӣ аз вазъи равонии ӯ" рад кард.

Мақомоти Амрико Ассанжи 49-соларо барои нашру паҳни санадҳои махфии артиш муттаҳам мекунад. Онҳо гуфтанд, ки бозбнии қарори Додгоҳи Лондонро талаб хоҳанд кард.

Ассанж дар соли 2012 аз тарафи Эквадор ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ эътироф шуда, дар сафорати ин кишвар дар Лондон пинҳон буд. Моҳи апрели соли 2019 бо талаби Амрико аз сафорати Эквадор ихроҷ ва аз тарафи мақомоти Бритониё ба ҳабс гирифта шуд.

Вакилони Ассанж мегӯянд, айбномаи ӯ сиёсӣ буда, фишор болои озодии матбуот аст. Ба қавли онҳо, таъқиби Ассанж хабарнигорони саросари оламро бо таҳдид рӯ ба рӯ мекунад. Вакилони ҳукумати Амрико таъкид мекунанд, ки даъвоҳои ҳомиёни Ассанж қобили қабул нестанд.

XS
SM
MD
LG