Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори мошинҳои як замон серхаридор дар Тоҷикистон "сард шудааст". ВИДЕО


Харидорони мошин дар Тоҷикистон кам шудааст

Баста будани марзҳо ва маҳрум мондани баъзе аз сокинони Тоҷикистон аз корҳои сердаромад дар хориҷи кишвар бозори як замон гарму серодами мошинро дар Хуҷанд сард кардааст.

Воридкунандагони нақлиёти сабукрав аз Аврупо гуфтанд, аксари онҳо соли гузашта аз кишвар берун рафта натавонистанд. Илова ба ин, ба гуфтаи онҳо, дархост аз харидорони нақлиёти гаронарзиш низ кам шуд.

Ба нақли тоҷирон, солҳои пеш харидорон бештар ба мошинҳои хориҷии гаронбаҳо таваҷҷуҳ мекарданд, вале ҳоло, баръакс, талаб ба мошинҳои арзон афзудааст.

Камбуди харидор арзиши мошинҳоро низ пойин овардааст. Барои намуна, агар то замони пандемияи COVID-19 барои як "Опел"-и олмонии соли истеҳсолаш 1994 аз 3 то 4 ҳазор доллари амрикоӣ ва гоҳе аз он ҳам зиёд мехостанд, ҳоло ин нарх то ду ҳазор доллар поин омадааст.

Осимҷон Зокиров, тоҷири мошин дар Хуҷанд, рӯзи 4-уми январ гуфт, "бо 22-25 ҳазор сомонӣ асосан мошинҳои хурди тамғаи "Опел" савдо мешавад. Бештари фурӯшандаҳо ба пул муҳтоҷ шуда, мошинашонро фурӯхта истодаанд. Ҳозир барои кор ба Русия рафта наметавонанд ва аксар мардон ҳоло ба хариду фурӯши мошин машғул шудаанд. Дигар кор нест."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Бозори сарди мошин дар вилояти Суғд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

Аҳрор Ёрматов 15 сол аст, ки асосан ба тиҷорати мошинҳои гаронарзиши тамғаи "Мерседес Бенс", "БМВ" ва намудҳои гуногуни "Ҷип" машғул аст. То замони густариши коронавирус Ёрматов худ ба кишварҳои Аврупо мерафт, вале имсол танҳо тибқи дархости ками мизоҷон ин намуди нақлиётро ба бозор ворид мекунад. Чанд моҳ аст, ки чаҳор мошинаш дар истгоҳи мошинфурушӣ мунтазири харидорон истодаанд.

"Солҳои пеш аз 80 то 100 мошинро аз хориҷа барои фурӯш меовардем, вақте коронавирус пайдо шуд, аз ҳисоби набудани савдо танҳо 30 ё 40 нақлиёт овардему бас. Вақте коронавирус набуд, савдо хеле хуб буд, ҳатто дар як ҳафта аз 2 то 3 мошин мефурӯхтем. Ҳозир дар як моҳ базӯр якто мефурӯшем ва ҳатто чанд моҳ наметавонем савдо кунем", -- афзуд Аҳрор Ёрматов.

Ба фурӯш нарафтани мошинҳо ҳамарӯза харҷи соҳибони онҳоро бештар мекунад. Аз ҷумла, Аҳрор Ёрматов ҳар ҳафта барои нигоҳдории як нақлиёт ҳудуди 100 сомонӣ сарф мекунад.

Масъулони бозори мошин гуфтанд, баъзе аз нақлиёт аз 2 то 5 моҳ дар бозор мемонанд. Ғаниҷон Фатҳуллоев, нозири бозор, ба Радиои Озодӣ гуфт, соҳибони баъзе аз мошинҳо маҷбур мешаванд, дубора худравҳои худро ба хона баранд, чун харидор нест.

"Ҳоло асосан "бартер", яъне барои иваз кардани мошинҳо пешниҳод зиёд шудааст, пештар асосан пули нақд мегирифтанд", -- гуфт ин масъули бозори мошин.

Мақомот низ гуфтанд, дар соли гузашта тоҷирон ба Тоҷикистон камтар худрав овардаанд. Бино бар иттилои расмӣ, дар нӯҳ моҳи соли 2020 воридоти мошин ба Тоҷикистон 10 дарсад кам шудааст. Коршиносон мегӯянд, бо баста шудани роҳи муҳоҷирони корӣ тавони харидории мардум низ кам шудааст.

XS
SM
MD
LG