Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон боҷи воридоти баъзе аз мошинҳоро гаронтар кард. ВИДЕО


Боҷи гумрукии воридоти баъзе аз мошинҳо ба Тоҷикистон аз 5 то 10 дар сад афзудааст.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон нархномаи нави мошинҳоро тасдиқ карда, аз моҳи марти имсол мавриди иҷро қарор додааст. Боҷи мошинҳо аз рӯи нархномаи таъйинкардаи Хадамоти гумрук ситонда мешавад. Нусхаи нархнома рӯзи 12-уми апрел дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Барои мисол, тибқи ҷадвали нави Хадамоти гумруки Тоҷикистон, мошини "Мерседес А класс" (соли истеҳсолаш 2015) дувоздаҳуним ҳазор доллар нарх дорад. Новобаста аз он ки ин навъи мошин ба ҳашт ҳазор доллар харида шудааст, ё даҳ ҳазор доллар, нозири гумрук онро 12 ҳазору 500 доллар нарх гузошта ва боҷ меситонад.

Ё "Опел Астра" (1.4) соли истеҳсолаш 2015 беш аз 8 ҳазор доллар нархгузорӣ шудааст. Маъмурони гумрук аз рӯи ҳамин нарх боҷ меситонанд, на маблағе, ки он харида шудааст.

Нархи мошинҳои воридшаванда ба Тоҷикистон боло меравад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Тоҷирон, хусусан онҳое, ки аз Кореяи Ҷанубӣ мошинҳои хурди боркашони навъи "Портер"-ро ворид мекунанд, гуфтанд, тай як моҳи охир нархи расмиёти гумрукии ин мошинҳо якбора ду баробар гарон шуд. ​

Қаҳҳор Қурбонов сокини шаҳри Хуҷанд ба тиҷорати ин навъи мошинҳои боркашон машғул аст. Ӯ рӯзи 12-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол барои ворид кардани як "Портер" ҳудуди 900 доллар боҷ медоданд ва ҳоло ин қимат ба 1700 доллар расидааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, дар соли 2017 ба Тоҷикистон бо маблағи 216,3 миллион доллар амрикоӣ мошин ворид шудааст. Ба гуфтаи масъулони хадамот, воридоти мошин нисбат ба соле қабл аз ин, 15 дарсад бештар буд.

Ба Тоҷикистон асосан воситаҳои нақлиёти дасти дувум ва аз кишварҳои назди Балтик ва Иттиҳодияи Аврупо ворид карда мешавад. Воридоти мошинҳои калони боркаш аз Чин сурат мегирад.

Хадамоти гумрук мегӯяд, афзоиши воридоти мошин дар соли 2017 пеш аз ҳама аз ҳисоби мошинҳои калони боркаш, ки барои иҷрои тарҳҳои инвеститсионӣ дар кишвар истифода мешаванд, вобаста аст.

Тайи чанд соли охир мошинҳои навъи "Опел" ва "Мерседес" дар Тоҷикистон пурхаридор буд, аммо аз аввали соли 2018 Тоҷикистон ворид кардани мошинҳои истеҳсоли то соли 2005-ро манъ намуд.

Бештари мошинҳои "Опел", ки ба Тоҷикистон ворид мешуданд, аз соли 2005 кӯҳнатар буданд. Аз ин рӯ, ин муқаррарот дар бозори мошин каме тағйирот ворид кард ва ҳоло дар баробари "Опел" ва "Мерседес" мошинҳои тамғаи "Тойота"-и Ҷопон низ зиёд ворид карда мешаванд.

Шарҳҳоро бинед (20)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG