Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати тандурустии Қазоқистон гуфт, "касоне, ки таби баланд доранд", дар интихобот чӣ гуна раъй диҳанд


Вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон хабар дод, дар интихоботи пешорӯи порлумонӣ барои касоне, ки таби баланд доранд, утоқҳои алоҳидаи раъйдиҳӣ ташкил мешавад.

Дар ин бора дар вазорат рӯзи 3 январ хабар доданд.

"Касоне ки таби баланд доранд, ба талори умумӣ роҳ дода намешаванд. Барои онҳо утоқи алоҳида ташкил мешавад", - гуфт Айжан Есмагамбетова, як масъули вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон.

Ташкили утоқҳои алоҳида барои касоне, ки таби баланд доранд ва эҳтимол ба коронавирус мубтало шудаанд, дар Қазоқистон кори нозирони интихоботиро душвор кардааст. Бархе аз нозирони мустақил гуфтанд, ба онҳо касе шарҳ надодааст, ки утоқҳои алоҳида барои беморони эҳтимолиро чи гуна назорат кунанд.

XS
SM
MD
LG