Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ваъдаи бозсозии маъбади ҳиндуҳоро дод


Маъбади сӯхтаи ҳиндуҳо дар Покистон
Маъбади сӯхтаи ҳиндуҳо дар Покистон

Мақомоти Покистон ваъда доданд, ки маъбади харобшудаи ҳиндуҳоро дубора бозсозӣ мекунанд.

Рӯзи 31-уми декабр издиҳоми пурхашме маъбади кӯҳани ҳиндуҳоро дар вилояти Хайбар Пахтунхоҳ оташ заданд. Пулис 14 нафарро бо гумони даст доштан дар ин ҳамла боздошт кард. Пулиси ноҳияи Карак дар вилояти қабиланишини Хайбар Пахтунхоҳ гуфт, ки амалиёт барои боздошти дигар касоне, ки дар ҳамла ба маъбад нақш доштанд, идома дорад.

Пулиси ноҳияи Карак гуфт, муллоҳои маҳаллӣ бештар аз 1000 нафарро ташвиқ кардаанд, ки ибодатгоҳи ҳиндуҳоро оташ зананд, чунки чанде пеш ҷомеаи ҳиндуҳо хонаеро дар назди ин маъбад харида ва таъмири он оғоз кардаанд. Дар видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд, дида мешавад, ки чӣ гуна издиҳоми бузурге ибодатгоҳи ҳиндуҳоро вайрон мекунад ва дуди ғализе ҳам аз он ба ҳаво мепечад.

Дар Покистон, ки аксарияти аҳолиаш мусулмон ҳастанд, 8 миллион аққалияти ҳинду зиндагӣ мекунанд ва солҳои ахир азияту озор ва ҳамла ба онҳо зиёд шудааст. Аксарияти ҳиндуҳо дар вилояти ҷанубии Синдҳ дар марз бо Ҳинд зиндагӣ мекунанд. Мақомоти Покистон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳамла ба ибодатгоҳро қотеона маҳкум карданд. Намояндаи ҳукумати вилояти Хайбар Пахтунхоҳ гуфт, онҳое, ки дар ҳамла даст доштанд, беҷазо намемонанд.

XS
SM
MD
LG