Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуқаюми Қаюмзод: Аз "имтиҳон"-и коронавирус гузаштем ё нагузаштем?


Абдуқаюми Қаюмзод
Абдуқаюми Қаюмзод

Абдуқаюми Қаюмзод, рӯзноманигори мустақил

Бознашр аз блоги муаллиф

На танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ҳамагирии коронавирус дар соли 2020 муносибати байни шаҳрвандон ва ҳукуматҳоро мавриди имтиҳон қарор дод.

Ҳолати фавқулода нишон дод, ки мардум гапҳои ногуфтаи зиёд доранд ва ин дарди нав, ки шаҳру деҳаро фаро гирифт, дарду захмҳои кӯҳнаро тоза кард. Ҳукуматҳо ё ростгӯйтар шуданду дасти мардуми худро гирифтанд ё баръакс боз ҳам пинҳонкортар шуданду худро нодида вонамуд карданд.

Аммо дар ҳама ҷо фиғони мардум баланд шуд. Дар Тоҷикистон низ. Ин садо ва нидоҳо баёнгари соли пандемия хоҳанд буд:

  • "Чаро пинҳон мекунед? Агар ин фавтидаҳо аз коронавирус набуданд, чаро селофан печондаед? чаро пизишкон онҳоро дар гӯр мемонанд?"
  • "Мо то ҳамин сол иқтисоди кишварро бар дӯш доштем, амнияти иҷтимоиро таъмин мекардем, алъон худамон муҳтоҷем, илтимос, кумак кунед."
  • "Масъулони фурудгоҳи Истанбул гуфтанд, агар мақомоти Тоҷикистон иҷозат диҳанд, Шуморо ба ватанатон мерасонем."

Ҳукумати Тоҷикистон то ҷое ба ин мушкилот расидагӣ кард, ба баъзе аз онҳо дер ва ба баъзе зуд ва ҳам ба баъзе на бо нерӯи тамом.

Иди Наврӯз дар Хуҷанд бадном шуд. Моҷарои дуздию фурӯши кумакҳои башарии хориҷӣ ба номи кишвар доғ овард. Ҳукумат омода набуд бо мардуми худ аз рӯйи ростӣ ва покбозона муносибат кунад.

Чартерҳо, монополияҳо ва нархҳои осмонӣ танқидҳоро бо асос ё беасос ба самти хешу наздикони раисҷумҳур равона карданд.

"Мурдаро монда тутхӯрӣ". "Наход, дар ҳамин шароити муфоҷо ҳам касоне фақат дар ғами пул бошанд?" Ин суханон дар шабакаҳои иҷтимоӣ борҳо садо доданд. Дар посух чизе гуфта намешавад. Оё сукут аломати ризост ё бепарвоии тамом нисбат ба дарду ғами мардум?

Дар ин миён кишварҳои давру бар ҳар чиро, ки метавонистанд барои мардуми худ арзону осон карданд. Пули иловагӣ доданд, кумакҳо карданд, нархҳоро поин оварданд, захираҳои давлатиро истифода бурданд. Хушхабари ҳамсояҳо ошуфтагиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар мекард:

"Чаро Узбекистон кумак мекунад, Шумо не? Чаро Қазоқистон ба мардумаш фалонпулӣ ёрдам кард, Шумо не? Дар Узбекистон аз андоз озод карданд. Дар Қазоқистон аз пардохти хадамоти иҷтимоӣ, барқу газу об озод шуданд. Мо ҳукумат дорем?"

Ҳукумат гуиё корҳоеро барои коҳиши шиддати авзоъ ва кам кардани асароти номатлуби коронавирус иҷро кард, то оромиш ва субот нашиканад. Комиссияҳои ташкилшуда аз ҳисоби маъмурон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бозору мағозаҳо гашта, даъват ба нархҳои паст каранд, ярмаркаҳое баргузор шуданд, аммо нархҳо ҳамоно рӯ ба боло доштанд.

Пули муҳоҷирон кам мешуд, мушкилоти оилаҳо зиёдтар. Нагуфтанд, ки айб дар куҷо аст, костии кор дар куҷост, вале вазири тандурустиро аз кор гирифтанд. Албатта, дертар боз вазифа доданд.

Патентдорҳоро аз пардохти андоз барои се моҳ озод карданд. Аммо маълум шуд, ки ин танҳо барои патентдорҳои даруни бозорҳо рабт доштааст. Он ҳам дар ҳоле ки худи ин бозорҳоро баста буданд. 15% маошу нафақа зиёд карда шуд. Кам, вале боиси таҳсин.

Ба сурати умум, ҳукумат дар аҳди коронавирус ба дараҷаи зарурӣ кор накард, ки мардумро аз худ розӣ гардонад. Лек роҳи дигарро дар пеш гирифт, ки сокит кардани садоҳо ва саркӯб кардани ҳама гуна эътироз аст. Наход дарк карда нашавад, ки вақте ягон ҷойи ҷомеа сахт дард мекунад, ҷомеа садо мебарорад.

Осебдидагони сели Хуросонро ҳамин дард ба садо овард. Сарнавишти 6 нафари онҳо, ки шояд садояшон баландтар аз дигарон буд, то ҳол номаълум аст. Ё Маҳмурод Одинаев, ки хост мардум садои худро зидди бебарқӣ баланд кунанд. Шояд мавзуъ бебарқӣ набуд, балки гуфтугӯи ошкоро бо ҳукумате, ки бояд дар хидмати мардум бошад, на баръакс? Ҳоло ӯ дар боздошт аст.

Сахттар шудани ҷаримаҳо роҳи ором нигоҳ доштани ҷомеа буда метавонад? Ё боздошту ҳабс? Шояд, вале то кай? Акнун, ки соли 2021 медарояд, ҳамин роҳ идома хоҳад кард?

Соли коронавирус соли исботи ҷудоии ҳукумат аз мардумаш шуд. Соли нав соли пайванд хоҳад гашт. Мешавад, умед баст?

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG