Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОИШ масъулияти ҳамла ба маъмурони пулисро дар Чеченистон ба дӯш гирифтааст


Рамазон Қодиров бо маъмурони ҳифзи ҳуқуқ
Рамазон Қодиров бо маъмурони ҳифзи ҳуқуқ

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамла ба маъмурони пулисро дар Чеченистон ба уҳда гирифтааст. Як рӯзномаи наздик ба ДОИШ дар ин бора 31-уми декабри соли 2020 хабар дод, аммо далеле ироа накард.

Ҳодиса 28-уми декабр дар шаҳри Грозний, маркази Чеченистон, рух додааст. Ду нафари мусаллаҳ бо корд як маъмури пулисро кушта, дигареро захмӣ карданд. Худи ҳамлаварон дар ҷараёни амалиёти пулис дар ҷойи ҳодиса кушта шуданд.

Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, гуфт, ҳамлаварон аз як оила ва аз Ингушистон буда, дар Грозний нонпазӣ мекарданд. Ба иттилои расмӣ, ҳарду собиқа ё таърихи ҷиноӣ ва ё ҳамкорӣ бо ифротгароёнро надоштанд.

Гуруҳи ба зидди Рамазон Қодиров дар Телеграм иддао кард, ки ҳодиса бахше аз низои қавмӣ ё қабилаӣ аст ва пештар гуё одамони наздик ба Қодиров волидону хоҳарони ин ду мардро рабудаанд.

Рамазон Қодирови 44-сола аз соли 2007 раҳбари Чеченистон аст. Гуруҳҳои мудофеи ҳуқуқи башари Русия ва байнулмилалӣ ӯро пайваста ба поймол кардани ҳуқуқи одамон, аз ҷумла қатлҳои худсарона, шиканҷа, рабудан ва таъқиби намояндагони ақаллиятҳои ҷинсӣ муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG