Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари сарвазири Бритониё баъди Brexit дархости шаҳрвандии Фаронсаро кард


Стэнли Ҷонсон
Стэнли Ҷонсон

Стэнли Ҷонсон, падари нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон, пас аз ҷудо шудани кишвараш аз Иттиҳоди Аврупо дархости шаҳрвандии Фаронсаро кард. Сиёсатмадори собиқ аз соли 1979 то 1984 Бритониёро дар Порлумони Аврупо намояндагӣ мекард.

Ҷонсони калонӣ дар суҳбат ба радиои RTL гуфт, дар раъйпурсии соли 2016 ӯ ба муқобили ҷудо шудани Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо овоз дода буд. Аз ин рӯ, Стэнли Ҷонсон афзуд, доштани шаҳрвандии Фаронса ба ӯ мадад мекунад, то робитаашро бо Аврупо нигоҳ дорад.

"Барои ман ин суол нест, ки фаронсавӣ ҳастам ё не. Агар ман забони фаронсавиро хуб мефаҳмам, пас, фаронсавӣ ҳастам. Модари ман дар Фаронса таваллуд шуда буд ва гузаштагони ӯ ҳам фаронсавӣ буданд", -- гуфт Стэнли Ҷонсон.

Падари нахуствазири феълии Бритониё дар ҳоле талаби доштани шаҳрвандии Фаронсаро мекунад, ки Бритониё рӯзи 31-уми декабр ба таври расмӣ аз Иттиҳоди Аврупо ҷудо шуд.

XS
SM
MD
LG