Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон барои мубориза бо COVID-19 то ҳоло $400 млн дарёфт кардааст


Дар яке аз бемористонҳои Қирғизистон дар Бишкек, 25 августи соли 2020
Дар яке аз бемористонҳои Қирғизистон дар Бишкек, 25 августи соли 2020



Қирғизистон барои мубориза бо ҳамагирӣ ё пандемияи COVID-19 то ба ҳол аз созмонҳои байналмилалии молӣ 346,8 млн доллар гирифтааст. Қарор аст, бо ин мақсад 427,6 млн доллари дигар дарёфт кунад. Дар асноди ҳукумати Қирғизистон омадааст, ки ин кишвар то 24 декабри соли равон аз Сандуқи байналмилалии пул 241,9 млн доллар, аз Бонки осиёии руд 52,3 млн доллар, аз Бонки ҷаҳонӣ 9,8 млн доллар, аз Иттиҳоди Аврупо 27,2 млн доллар ва аз Бонки олмонии рушд 15,4 млн доллари амрикоӣ гирифтааст. Ҳаҷми умумии маблағҳое, ки Қирғизистон дарёфт кардаасту дар оянда қарор аст, бикунад, ба 774,4 млн доллар мерасад. 597, 4 миллион доллари ин пулҳо қарз буда, боқӣ грант аст. Чораҳои маҳдудкунандаи марбут ба коронавирус ва ҳодисаҳои ахири сиёсӣ боиси коҳиши фаъолиятҳои иқтисодӣ дар Қирғизистон шуда, даромади буҷаи ин кишварро якбора поин бурдааст. Дар давоми 11 моҳи ахир ҳаҷми Маҷмуи тавлидоти дохилии он 8,1 дарсад кам шудааст.

XS
SM
MD
LG