Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштариён бо як ширкати Душанбе барои сафар ба Бритониё даъво доранд


Гуруҳе аз муштариёни ширкати саёҳии “Авеста тур” мегӯянд, ин ширкат натавонист, сафари онҳоро ба Бритониё созмон диҳад ва пули пардохтаро барнамегардонад. Раиси ширкат Манучеҳр Нурматов, 31-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамагирии COVID-19 монеи сафари муштариён шуд, вагарна “Авеста тур” кори ғайриқонунӣ накардааст.

Фаррухрӯз Холов, сокини шаҳри Панҷакент моҳи июли соли 2019 хостори сафари Бритониё шуд. Вай мегӯяд, барои ин ба раҳбари “Авеста тур” 9 ҳазор сомонӣ додааст. Ба ӯ гуфтаанд, то чанд моҳи дигар заминаи сафараш ба Лондон муҳайё мешавад.

“Ҷойи кор низ ваъда кард, баъди он ки пулро додем, 8 моҳ ғайб зад, хостем ба мақомот шикоят барем, лекин дар ин байн пайдо шуда, тамос гирифт, ки корро ҳал мекунад. Ба номи ман ва се нафари дигар даъватнома фиристод, гуфт, ба консулгарии Бритониёи Кабир дар Тошканд равед, он ҷо ба Шумо раводид медиҳанд. Рафтем надоданд, маълум шуд, ки даъватномаҳо қалбакӣ будааст, зиёда аз 4 ҳазор сомонии дигар дар равуо ва дигар корҳоям барои сафар харҷ кардаам”.

Аммо Манучеҳр Нурматов, раҳбари “Авеста тур” мегӯяд, ҳеч маблағе аз Фаррухрӯз Холов нагирифтааст. Ин дар ҳолест, ки Холов барои гуфтаҳояш ҳуҷҷат дорад ва ширкатро ба фаъолияти ғайриқонунӣ айбдор мекунад.

Сокини шаҳри Бохтар, Нисо Урозова, аз муштариёни дигари “Авеста тур” ба Радиои Озодӣ гуфт, ба Манучеҳр Нурматов 6 ҳазор сомонӣ додааст. Сафари ӯ ҳам ба Бритониё амалӣ нашуд ва пас аз саргардониҳо ширкат қисме аз пулашро баргардонидааст. Фаррухрӯз ва Ниссо гуфтанд, ки мисли онҳо ду нафари дигар аз ҷабрдидагони “Авеста тур” ҳастанд, ки нияти сафар ба Бритониёро доштанд.

"Авеста тур" мегӯяд, иддаоҳо беасосанд

Раҳбари “Авеста тур” ҳама гуна айбмониҳоро, ки ширкат бо корҳои ғайриқонунӣ машғул аст, рад кард. Вай гуфт, ширкаташ соли 2018 таъсис ёфта, таҷрибаи фиристодани сокинон ба хориҷаро дорад. Дар робита ба шикояти чанде аз муштариён афзуд, ки “пули онҳоро баргардонидааст”. Вале ӯ аз шарҳи баргузор нашудани сафари муштариён худдорӣ намуд.

Муштариёни норозӣ гуфтанд, ба Оҷонсии мубориза бо фасод шикоят бурдаанд. Шикояти сокинон аз кори бархе ширкатҳое, ки ваъдаи сафар ва кор дар хориҷаро медиҳанд, дар гузашта ҳам борҳо садо додааст. Аз ҷумла, соли 2019 гурӯҳе аз корҷӯёни тоҷик шикоят карданд, ки ширкати "Гардуна" бо ваъдаи таъмини ҷой кор дар Ҷумҳурии Чех аз онҳо пул гирифтааст, вале на бо ҷойи кор таъмин кардааст ва на пулро баргардонидааст. Дар пайи чунин шикоятҳо Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Товус Хушқадамова ва Бахтиёр Арабов, ду масъули ширкати "Гардуна"-ро бо гуноҳи фиреби даҳҳо нафар ва аз худ кардани 90 ҳазор доллари онҳо 8 сол зиндонӣ кард.

Далер Қурбонов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ширкатҳо дар сурати иҷро накардани ӯҳдадорӣ бояд маблағи муштариёнро баргардонанд. Ӯ афзуд, сокинон дониши кофии ҳуқуқӣ надоранд ва дар бисёр ҳолат ба доми қаллобон меафтанд: “Беҳтар аст, қабл аз маблағро додан як бор ба ҳуқуқшинос муроҷиат кунанд”.

Ҷомеашиносон мегӯянд, бекории зиёд ва маоши кам дар корхонаҳои дохилӣ сокинонро ба кору маоши муносиб дар хориҷа умедвор кардааст ва васвасаи кор дар Аврупо ё кишварҳои дигари пешрафта баъзан онҳоро ба дом меафтонад. Таъмини сокинон ба ҷои кори муносиб дар Тоҷикистон аз мушкилиҳоест, ки тайи наздик ба 30 соли соҳибистиқлолӣ ҳалли худро пайдо накардааст.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG