Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 ҳазор тонна бо мошин, боқӣ – бо даст. Кишоварзони тоҷик нақшаи имсолаи пахтаро иҷро накарданд


Замони ҷамъоварии пахта. Шаҳри Ваҳдат, соли 2017
Замони ҷамъоварии пахта. Шаҳри Ваҳдат, соли 2017

Намояндагони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон рӯзи 29-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки имсол кишоварзони тоҷик 416 ҳазору 878 тонна пахта ҷамъ оварданд. Ин дар ҳолест, ки мувофиқи дурнамо ё нақшае, ки ҳукумат барои соли 2020 тасдиқ кардаааст, истеҳсоли пахта бояд ба беш аз 420 ҳазор тонна расонида мешуд. Соли гузашта зиёда аз 414 тонна пахта чида буданд.

Беш аз ҳама кишоварзони вилояти Хатлон пахта ҷамъ овардаанд. Хирмани пахтаи ин вилоят 281 ҳазор тонна ва виляоти Суғд 129 ҳазор тонна будааст.

Дар Тоҷикистон аксари кулли пахта бо даст ва бо заҳмати кишоварзон, ки бештарашон занҳо ҳастанд, парвариш ва ҷамъоварӣ мешавад. Бино бар омори расмӣ дар Тоҷикистон танҳо наздик ба 11 ҳазор тонна пахта бо ёрии мошин ҷамъоварӣ шудаасту бас.

Соли ҷорӣ беш аз 26 ҳазор кишоварз ба чидани пахта машғул будаанд. Дар ҳоле ки омори расмӣ аз афзоиши ҳосили пахта назар ба соли гузашта хабар медиҳад, баъзе аз кишоварзон аз манотиқи Тоҷикистон аз ҷо доштани ҳолатҳои изофанавсӣ хабар медиҳанд.

Ахиран кишоварзон аз ноҳияи Панҷ аз андозҳои изофӣ, ки мақомот аз онҳо талаб доранд, шикоят карданд. Кишоварзон гуфтанд, ба номи онҳо чанд тонна пахтаи изофӣ номнавис шудааст, ки дар асл нест, аммо мақомот мехоҳанд аз пахтае, ки дар рӯи коғаз ҳаст, молиёт ситонанд.

Ҳосили аз ҳама бештари пахта дар Тоҷикистон соли 1980 ба даст омадааст. Дар Тоҷикистон он сол 1 миллион тонна пахта ҷамъоварӣ шуда буд.

Нархи як сентнер пахта айни замон дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҳудуди 200 доллар аст. Пахтаи Тоҷикистон асосан ба Туркия, Русия ва Чин содирот мешавад. Тоҷикистон дар иваз аз ин кишварҳо либоси омодаро мехарад.

Саноати нассоҷии кишвар солҳои 90-ум дучори рукуд шуд ва ҳоло дар дохили кишвар андаке беш аз даҳ дарсади пахтаи ҳосилшуда коркард мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон барнома дошт, то соли 2015 коркарди пурраи пахтаро дар дохил ба роҳ монад, аммо дар ин муҳлат ин барнома иҷро нашуд ва то ба ҳол низ кишвар ба ин ҳадаф нарасидааст.

Аз ин рӯ, аксарияти пахтаи Тоҷикистон дар шакли нах - яъне ашёи хом ба хориҷа содирот карда мешавад. Ба иттилои Хадамоти гумрук, дар моҳҳои январ-ноябри соли 2020 Тоҷикистон ҳудуди 86 ҳазор тонна нахи пахтаро бо қимати 115,5 миллион доллар ба хориҷа фурӯхтааст.

XS
SM
MD
LG