Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон ду хориҷиро барои "қасди ҳамлаи террористӣ" дастгир кардаанд


Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз боздошти ду шаҳрванди яке аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) дар вилояти Ҷалолобод хабар дод, ки “ба анҷоми ҷиноятҳои вазнин айбдор мешаванд”. Ба огаҳии кумита, онҳо гуиё барои анҷоми ҳамлаи террористӣ ғайриқонунӣ вориди Қирғизистон шуда, сипас мехостанд, бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тавассути ин кишвар ба минтақаҳои Сурия бираванд. Гумонбарон феълан дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Ҷалолободи Қирғизистон нигаҳдорӣ шуда, тафтишот идома дорад. Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, аз соли 2018 то ба имрӯз 850 шаҳрванди ин кишвар ба Сурия рафта, аз ин миён 150 нафари онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ҷон бохтаанд. Дар миёни ин қирғизистониҳо, ки ба гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ пайвастаанд, 140 зан низ будаанд.

XS
SM
MD
LG