Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафдорони Навалний дар Русия эътироз карданд


Як тарафдори Алексей Навалний дар шаҳри Владивосток, 26 декабр.
Як тарафдори Алексей Навалний дар шаҳри Владивосток, 26 декабр.

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия 27 декабр ба ҷонибдорӣ аз мухолифи рус Алексей Навалний, ки ахиран гуфт, эҳтимол дорад, ӯро маъмурони Хадамоти федеролии амнияти кишвараш ё ФСБ заҳролуд сохтаанд, эътирозҳои инфиродӣ баргузор шуд.

Ба иттилои "Эхо Москва", дар маркази Петербург, дар назди "Гостиний двор" силсила эътирозҳои инфиродӣ баргузор гашт. Эътирозгарон дар даст лавҳаҳоеро доштанд, ки дар онҳо президенти Русия Владимир Путин интиқод ва акси таҳпуши кабудранг нашр шудааст. (Бар асоси таҳқиқоти худи Навалний, маъмурони ФСБ гӯиё ба таҳпуши ӯ заҳр пошида буданд".

Кормандони пулис эътирозгаронро номнавис карда, ҳушдор доданд, ки кори онҳо нақзи "низоми омодагии баланд" дар робита ба пандемияи коронавирус шумурда мешавад ва ҷавобгариеро низ дар пай дорад. Вале касеро дастгир накарданд.

Фаъолони Петербург рӯзи шанбе эътирозҳоеро низ дар назди бинои ФСБ баргузор карданд. Онҳо ҳамроҳи худ либосҳоеро оварда, дар назди даромадгоҳи бинои ФСБ гузоштанд ва гуфтанд, либосҳоро ба хотири "шустан" ба онҷо бурдаанд. Ин ишора ба эътирофи маъмури эҳтимолии Хадамоти федеролии амнияти Русия буд, ки гуфт, изи заҳри "Новичок"-ро дар таҳпуши Навалний ӯ тоза кардааст.

Қаблан ба ҷонибдорӣ аз Навалний дар Владивосток, Уфа ва шаҳрҳои дигари Русия низ эътирозҳое баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG