Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии дувуми футболбозони ҷавони тоҷику эронӣ дар Душанбе мусовӣ шуд


Бозии дӯстонаи футболбозони тоҷику эронӣ дар Душанбе
Бозии дӯстонаи футболбозони тоҷику эронӣ дар Душанбе

Бозии дувуми дӯстона миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон ва Эрон, ки 27-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.

Ҳарду гол дар нимаи аввали дидор зада шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 30-юм Паймон Додхон, бозигари мунтахаби ҷавонони Эрон, кушод. Баъди панҷ дақиқа Ислом Зоиров, бозигари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ҳисобро баробар кард.

Мубин Эргашев, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон, гуфт, “мутаассифона, бозӣ комилан бо бартарии ҳарифамон гузашт. Мо ин чизро умедвор будем, ки баъди бохт дар бозии ҷавобӣ ба онҳо ғалаба зарур мешавад. Мо бозиро аз хатти ҳимоя шуруъ кардем, вале, мутаассифона, муваффақ нашудем. Хуб аст, ки мо дар нимаи аввали дидор ҳисобро баробар кардем.”

Ёдовар мешавем, бозии аввали дӯстона миёни тимҳои ҷавонони Тоҷикистону Эрон, ки 24-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда буд, бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт.

Бояд гуфт, ки бозиҳои дӯстона дар доираи омодагии тимҳои мунтахаби ҷавонони ҳарду кишвар ба рақобатҳои ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё доир гардид.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар қаҳрамонии Осиё, ки аз 3-юм то 20-уми марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Малайзия, Яман ва Қатар бозӣ хоҳад кард.

Зимнан, Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) дар сомонаи расмии худ хабар додааст, ки мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон (то 20-сола) ва наврасон (то 17-сола), ки соли оянда ба нақша гирифта шуда буд, лағв гаштанд.

Индонезия ва Перу, ки мебоист соли 2021 ин мусобиқаҳоро мизбонӣ мекарданд, ҳуқуқи гузаронидани мусобиқоти ояндаро дар соли 2023 нигаҳ медоранд.

Бекор намудани мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон ва наврасон ба таъсири пандемияи коронавирус бастагӣ дорад. Тасмим дар асоси машаварат бо ҳамаи ҷонибҳои ҳавасманд ва мизбонони мусобиқот гирифта шуд.

Бозии дӯстона

Тоҷикистон (U-19) – Эрон (U-19) – 1:1

Голҳо: Паймон Додхон, 30 (0:1). Ислом Зоиров, 35 (1:1).

Тоҷикистон (U-19): Шоҳрух Қирғизбоев, Алидҷон Кароматуллозода (Исроил Холов, 46), Муҳаммадалӣ Азизбоев, Муҳаммад Саломзода, Манучеҳр Сафаров, Абдулмуъмин Забиров, Шарифбек Раҳматов (Шуҳрат Элмуродов, 46), Ҷонибек Шарипов (Озодбек Панҷиев, 66), Эмомалӣ Аҳмадхон (Шоҳрух Сангов, 46, Салам Ашурмамадов, 88), Ислом Зоиров, Шаҳром Самиев.

Эрон (U-19): Ҳамидризо Ризоӣ, Муртазо Эстакӣ, Аҳмадризо Ҷалолӣ, Ҳусейн Ноходкор, Ясин Салмонӣ, Алӣ Субҳонӣ (Маҳдӣ Ҳошиминажод, 70), Алиризо Асадабадӣ, Алиризо Муназзамӣ (Амиралӣ Садеғӣ, 82), Паймон Додхон, Алӣ Пурисмоилӣ, Милод Кор (Ҳусейн Шавердӣ, 90).

Огоҳӣ: Муҳаммадалӣ Азизбоев, Шаҳром Самиев (Тоҷикистон), Ясин Салмонӣ, Алӣ Пурисмоилӣ (Эрон).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Тоҷикистон).

27-уми декабр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

XS
SM
MD
LG