Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти дувуми мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Эрон дар Душанбе


Бозии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Эрон. Акс аз ФФТ
Бозии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Эрон. Акс аз ФФТ

Футболбозони дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии дувуми дӯстона, ки 26-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, аз ҳамсолонашон аз Эрон бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуданд. Голи ягонаро Амир Иброҳимзода дар дақиқаи 29-ум ба самар расонид.

Ёдовар мешавем, бозии аввали дӯстона низ се рӯз пеш дар ҳамин варзишгоҳ бо пирӯзии мунтахаби наврасони Эрон (U-16) бо ҳисоби 4:1 хотима ёфта буд.

Бояд гуфт, ки бозиҳои дӯстона дар доираи омодагии дастаҳои мунтахаби наврасони ҳарду кишвар ба рақобатҳои ниҳоии қаҳрамонии футболи Осиё доир гардид.

Футболбозони навраси тоҷик дар қаҳрамонии Осиё, ки соли оянда дар Баҳрайн баргузор мешавад, дар гурӯҳи “В” бо тимҳои мунтахаби Умон, Яман ва Иморати Муттаҳидаи Арабӣ рақобат хоҳанд кард.

Ҳамчунин дар Тоҷикистон тими мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Эрон ҳузур дорад. Бозии аввали дӯстона миёни тимҳои ҷавонони Тоҷикистону Эрон, ки 24-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи футболбозони тоҷик ба анҷом расид.

Бозии дувуми дӯстона миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Эрон рӯзи якшанбеи 27-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки тимҳои мунтахаби ҷавонони ҳарду кишвар худро барои рақобатҳои қаҳрамонии футболи Осиё омода мекунанд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар қаҳрамонии Осиё, ки аз 3-юм то 20-уми марти соли оянда дар Узбекистон барпо мегардад, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Малайзия, Яман ва Қатар бозӣ хоҳад кард.

Зимнан, Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) дар сомонаи расмии худ хабар додааст, ки мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон (то 20-сола) ва наврасон (то 17-сола), ки соли оянда ба нақша гирифта шуда буд, лағв гаштанд.

Индонезия ва Перу, ки мебоист соли 2021 ин мусобиқаҳоро мизбонӣ мекарданд, ҳуқуқи гузаронидани мусобиқоти ояндаро дар соли 2023 нигаҳ медоранд.

Бекор намудани мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон ва наврасон ба таъсири пандемияи коронавирус бастагӣ дорад. Тасмим дар асоси машаварат бо ҳамаи ҷонибҳои ҳавасманд ва мизбонони мусобиқот гирифта шуд.

Бозии дӯстона

Тоҷикистон (U-16) – Эрон (U-16) – 0:1

Гол: Амир Иброҳимзода, 29.

Тоҷикистон (U-16): Суҳробхуҷа Юсупов, Меҳрубони Абдурауф, Фахриддин Аҳтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Ҳукмиддин Шодмонов (Меҳрубон Каримов, 53), Бежан Нишонбойзода (Муҷовид Шовайсуддинов, 53), Абдулфаттоҳи Худойдодзода, Кабир Салимшоев, Аббос Андалебов (Азизбек Далиев, 53, Нурсултон Норбойзода, 81), Суннатулло Азизов (Асадбек Ҷӯрабекзода, 63), Амирҷони Фаррухзод.

Эрон (U-16): Масеҳ Муродӣ, Амирҳусейн Саҳофӣ, Фардин Баҳрӣ, Муҳаммадризо Кушкӣ, Сунҳон Камолванд (Имон Дониш, 78), Саҷоди Ходимӣ (Ёдгор Рустамӣ, 31), Алиакбар Ранҷбар (Мирсад Сулаймонӣ, 85), Аршиа Каримӣ, Алиризо Иноятзода, Амир Иброҳимзода (Ёсин Ҷаъфаричашмӣ, 85), Сино Ғамсемӣ.

Огоҳӣ: Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Абдулфаттоҳи Худойдодзода, Кабир Салимшоев, Аббос Андалебов, Амирҷони Фаррухзод (Тоҷикистон), Фардин Баҳрӣ, Сунҳон Камолванд, Амир Иброҳимзода (Эрон).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Тоҷикистон).

26-уми декабр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

XS
SM
MD
LG