Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик, дорандаи роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, дар аввалин рақобати худ дар бокси ҳирфаӣ пирӯз шуд.
Ӯ дар доираи мусобиқаи Shamo Boxing Promotions, ки рӯзи 24-уми декабр дар Маскав доир гардид, дар вазни сабук (61,23 кг) бар Вилдан Минасови русиягӣ ғалаба кард. Қувваозмоӣ шаш раунд идома ёфт ва Баҳодур аз рӯи имтиёзҳо пирӯзӣ ба даст овард.
Бояд гуфт, ки дар оғози мубориза Баҳодур дар нокдаун қарор дошт, аммо зуд ба худ омад ва бо зоҳир кардани ирода аз рақиби ботаҷрибааш зиёдтар имтиёз ба даст овард.
Баҳодур Усмонов, ки қаҳрамони феълии бокси ҳаваскорӣ дар Осиё мебошад, имсол ба Олимпиадаи Токио-2020 роҳхат гирифт ва беҳтарин варзишгари сол дар Тоҷикистон эълон шуд.
Баҳодур тасмим гирифт дар бокси ҳирфаӣ низ ширкат варзад, ки тибқи қоидаҳои нав барои дар Бозиҳои олимпии Токио дар бокси ҳаваскорӣ ширкат варзаидани ӯ халал намерасонад.
Ёдовар мешавем, Баҳодур Усмонов, ки моҳи марти имсол дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус дар шаҳри Аммони Урдун дар даври бокс-офф дар вазни то 63 кило миёни мардон бар варзишгари эронӣ Ашкон Ризоӣ бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 гардид.
Дастоварди бузурги варзишии соли 2019 низ ба ин муштзани 23-солаи тоҷик марбут аст. Ӯ дар қаҳрамонии бокси Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гашт.
Боз ҳам суол бармегардад ба худи мақомот, чун ӯро ҷое нагурезонданд ва гуноҳро иқрор карда дасти мақомот таслим карданд. Дигар натиҷаро додгоҳ бароварда ва суол ҳам ҳамин аст, ки оё қонун барои ҳама баробар аст?
Дар 5 сол якум бор хабари хуш омад
Чавонони точик бе ягон аблава ба хизмат мераван лекин сабаб дар чи бошадки аблаваро специально снимат мекунанду дар интернет регулярно мепартоянд. Ман фигр мекунам хамаи ин корхо баркастона токи чавононро аз рафтан ба хизмат тарсонанд, чунки точикистон кувати хурондану пушондани аскархоро надорад. Агар аз статистикаи чахони гирем хар як давлат бояд дар хар як миллион ахолияш хафт хазор аскар дошта бошад, ва точикистони мо низ дар нух миллион ахоли 63 хазор аскар бояд дошта бошад. Барои хамин облава ташкил карда ва дар бораи дедовшина гап мезанан барои тарсондан.
Масчид бошад яъне намозгузори дар рохи Оллох-Худои яка ва Хазрати Мухаммад сав, хамма аз чиноят ва беакли даст мекашад, бояд забони арабиро биомузем то бесаводон гумрох накунанд моро!
Алхамдулиллох