Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Руминия ҳукумати ҷонибдори Ғарбро тасдиқ кард


Ҳукумати нави Руминия
Ҳукумати нави Руминия

Порлумони Руминия ҳукумати ростгаро ва тарафдори Ғарбро тасдиқ кард. Нахуствазир Флорин Ситу, ки ҳукуматро раҳбарӣ мекунад, пештар вазири молия буд ва дар Амрико хондааст. Флорини 48-сола ваъда дод, ки буҳрони коронавирусро "ҳал карда", зарари иқтисодии бемории ҳамагирро ҷуброн мекунад. Коронавируси нав ба беш аз 604 ҳазор кас дар Руминия сироят карда, боис ба марги зиёда аз 14 ҳазору 700 кас шудааст. Пас аз раъйдиҳии порлумон, ҳайати ҳукумат дар ҳузури раиси ҷумҳур Клаус Йоҳаннис савганд ёд хоҳад кард. Интихоботи порлумонии Руминия рӯзи 6-уми декабри имсол баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG