Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Исроил интихобот нав баргузор мешавад


Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу
Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу

Дар Исроил қарор аст баъди эҷоди шикоф дар ҳукумати нахуствазир Бенямин Нетаняҳу дар ду соли охир интихоботи чорум баргузор шавад. Парлумони Исроил – Кнессет азбаски натавонист то соати 12-и шаби 22-юми декабр сари масъалаи буҷа ба мувофиқа расад, рӯзи 23 декабр пароканда шуд. Овоздиҳӣ моҳи март баргузор мешавад. Нетаняҳу аз рӯи парвандаи фасод дар додгоҳ посух медиҳад ва ӯву рақибаш Бенни Гантс ҳамдигарро дар суқути ҳукумат айбдор карданд. Моҳи маи имсол баъди интихоботи бенатиҷаи моҳи апрели соли 2019 ниҳоят ҳизби ростгарои “Ликуд”-и Нетаняҳу ва ҳизби марказгарои “Кабуд ва сафед”-и Гантс дар авҷи коронавирус ва як ҳукумат таъсис доданд. Вале аз оғоз ин ҳукумат дуруст кор накард ва беэътимодиву тафриқаҳо бӯҳрони сиёсиро шиддат бахшид. Сабаби шикасти ҳукумат ин шуд, ки музокираҳо барои қабули буҷаи дусола бенатиҷа анҷомид.

XS
SM
MD
LG