Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирлан Боқиров, муовини раиси порлумони Қирғизистон истеъфо дод


Мирлан Боқиров.
Мирлан Боқиров.

Ҷиноҳи "Онугуу-Прогресс" Мирлан Боқировро аз мақоми муовинии раиси порлумони Қирғизистон барканор кард.

Раиси Ҳизби "Онугуу-Прогресс" Бакит Торобоев дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" навишт, ки Мирлан Боқиров бо хоҳиши худ аз вазифаи муовинии раиси порлумони он кишвар истеъфо додааст.

"Ӯ тасмим гирифт, барои ҷойро холӣ кардан ба вакилони дигар истеъфо диҳад. Дар асоси қарори Шӯрои сиёсии "Онугуу-Прогресс", номзадии Уланбек Исмоилов ба мақоми муовинии раиси порлумон пешниҳод шуд. Вакилони ҷиноҳ пешниҳодро ҷонибдорӣ карданд", - навишт Торобоев.

Худи вакил ва хадамоти матбуотии порлумони Қирғизистон ин хабарро шарҳ надодаанд. Боқиров 13 декабри соли 2017 муовини раиси порлумони Қирғизистон интихоб шуда буд.

Дар интихоботи порлумонии Қирғизистон дар соли 2020 узви Ҳизби "Онугуу-Прогресс" Мирлан Боқиров ҳамчун раиси Ҳизби "Мекеним Қирғизистон" иштирок карда буд.

Вале натиҷаҳои расмии ин интихобот дар пайи эътирози мухолифон бекор карда шуд.

XS
SM
MD
LG