Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқоти РАО/РО: Наздикони Назарбоев дар 6 кишвар бо маблағи $785 миллион моликият доранд


Фаронса, Канни. Ин қасри боҳашамат ба бародари Назарбоев Болат ва ҳамсари собиқаш Майра Курмангалиева марбут аст
Фаронса, Канни. Ин қасри боҳашамат ба бародари Назарбоев Болат ва ҳамсари собиқаш Майра Курмангалиева марбут аст

Як таҳқиқоти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) маълум кард, ки хешовандони собиқ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар давоми 20 соли гузашта тахминан 785 миллион долларро барои хариди моликият дар шаш кишвари мухталиф сарф кардаанд. Таҳқиқоте, ки рӯзи 22 декабр нашр шуд, мегӯяд, ин тамоми моликияти фарзанду набераҳо, домоду дигар элитаҳои қазоқии наздик ба Назарбоев нест, вале аввалин бор аст, ки бо далелу санадҳо арзиши моликияти онҳо ҳисоб шудаанд. Ин мавзӯъ давоми солиёни дароз мавриди таваҷҷӯҳи матбуот қарор дошт.

Як виллаи боҳашамат дар шаҳри Канни Фаронса ва ҳам хонаи гаронарзише дар Уолл Стрити шаҳри Ню-Йорк дар муқобили Боғи марказии ин шаҳр солиёни дароз дар маркази баҳсҳои додгоҳии бародари Назарбоев Болат ва ҳамсари собиқаш Майра Курмангалиева қарор доштаанд. Як қасри дигари боҳашамат дар соҳилҳои уқёнус дар Коста-Браваи Испания ба Тимур Кулибаев – ҳамсари духтари хурдии Назарбоев Динора марбут аст. Ин қаср борҳо дар маркази баҳс бо фаъолони муҳити зист қарор дошт, чунки пеши роҳро мебаст. Чанд моликияти марбут ба духтари калонии Назарбоев Дариға ва писараш Нуралӣ мавриди таваҷҷӯҳи Оҷонсии ҷиноёти миллии Бритониё шудааст, чун, ба қавли полис, манбаи харида шудани ин моликият ғайриқонунӣ будааст. Бо ин вуҷуд додгоҳе моҳи апрел ин иттиҳомотро бекор кард. Ошкор шудааст, ки Дариға ҳамчунин як қисми хонаҳои боҳашамати воқеъ дар кӯчаи машҳури Бейкер Стрити Лондонро соҳибӣ мекунад, ки тавассути ширкатҳои махфӣ харида шудаанд.

Миёни солҳои 1991 то 2019 Назарбоев раҳбари ягонаи Қазоқистон буд ва кишварро бо мушти сангинаш идора мекард. Ӯро барои саркӯби мухолифон ва бераҳмӣ нисбати рақибони сиёсиаш интиқод мекунанд. Дар ин муддат кишвар аз назари сарвату шукуфоӣ пешрафт кард, чун манбаи асосии ин ҳама захираҳо нафту газ мебошад, вале фасоду хешутаборбозӣ як дарди сартосарии кишвар номида мешавад. Фаъолони зидди фасод ва муҳаққиқони Осиёи Марказӣ мегӯянд, ки Назарбоев як системаи бунёдшуда бар асоси қавмгароиро эҷод кард, ки манфиатбардори асосии он афроди вафодору наздик ва элитаи ҳукмрон мебошад.

XS
SM
MD
LG