Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари ду кӯдак дар ноҳияи Фархор худкушӣ кардааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шукрона Турдиназарова, сокини деҳаи Кӯҳандиёри ноҳияи Фархор, рӯзи 21-уми декабр дар манзилаш худкушӣ кардааст. Раҳматулло Маннонов, раиси деҳаи Кӯҳандиёр, рӯзи 22-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, нозири минтақавиро аз ҳодиса хабардор карданд ва мақомот тафтишот доранд. “Дар оғил худро овехтааст. Наздиконаш мегӯянд, дар хона ҳеч гап нашуда буд. Субҳ барои говдӯшӣ рафта, бо ресмон худро овехтааст”, -- нақл кард ӯ. Ба қавли мусоҳиби мо, Турдиназарова ҳамроҳ бо шавҳар ва хусуру хушдоман ва келинҳои дигари хонавода дар як ҳавлӣ мезист. Аз ӯ ду тифл – яке чаҳорсолаву дигаре дунимсола – мондааст. Худкушии занон дар Тоҷикистон солҳои охир рӯ ба афзоиш аст. Мақомоти вилояти Суғд ҳафтаи гузашта эълон карданд, ки дар ду соли охир 44 зан бо сабаби хушунати хонаводагӣ қасд ба ҷони худ кардаанд. Сабаби чунин рафтори занонро ба “бадрафторӣ аз ҷониби шавҳару хушдоманҳо” рабт доданд. Додситонӣ мегӯяд, дар пайи ин ҳодисаҳо баъзе аз шавҳарон ва хушдоманҳову як падарарӯс ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

XS
SM
MD
LG