Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

600 садамаи автомобилии тоҷикон дар Русия


Полиси роҳи Русия
Полиси роҳи Русия

Мақомоти Русия мегӯянд, соли 2020 шаҳрвандони Тоҷикистон дар 599 ҳодисаи садамаи роҳ даст доштанд. Бино ба навиштаи Маркази бехатарӣ дар роҳҳои Русия, ки назди ВКД амал мекунад, дар маҷмӯъ дар 9 моҳи соли 2020 3,5 ҳазор ҳодисаи садама дар роҳ бо ширкати шаҳрвандони хориҷӣ рух додааст. Оҷонсии ТАСС, ки ин хабарро нашр кардааст, мегӯяд, аз назари шумор дар ҷои аввал шаҳрвандони Узбекистон мебошанд. Бо ширкати узбекистониҳо дар роҳҳои Русия то моҳи сентябр 797 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар 58 ҳолат бо марги инсонҳо анҷомидааст. Шаҳрвандони Қирғизистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба 700 садама роҳ додаанд ва боиси марги 30 нафар шудаанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон сабабгори 599 садама ва 76 ҳолати марги инсон шудаанд. ВКД гуфтааст, ки дар маҷмӯъ садама дар роҳ камтар назар ба соли гузашта будааст. Айни замон, таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, ки ҳодисаҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби шаҳрвандони худи Русия ба маротиб бештар аст.

Вебсайти ихтисосии “За рулем” мегӯяд, ба ҳисоби миёна ҳар сол дар натиҷаи садамаҳои автомобилӣ дар Русия 16 ҳазор нафар ҷон медиҳанд ва 210 ҳазор нафар маҷрӯҳ мешаванд. Бархе таҳқиқоти вижа мегӯяд, ки пурфоҷеатарин рӯзҳои ҳафта дар Русия рӯзҳои ҷумъа будааст, чун дар охирин рӯзи кории ҳафта ҳолатҳои зери таъриси машрубот рух додани садамаҳо дар Русия бештар ба қайд гирифта мешаванд.

XS
SM
MD
LG