Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарояндаи узбек бо гумони таҷовузи як ноболиғ ҳабс шуд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Сарояндаи машҳури узбек Ж. У., ки дар дастдарозӣ ба номуси ноболиғ Ш.М. айбдор мешавад, 21 декабр бо қарори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.

Ба огаҳии додситонии шаҳри Самарқанд, зидди сароянда 9 октябри соли равон бо банди "Таҷовуз ба номус бо истифода аз заъфи ҷабрдида" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ш.М. ҳамроҳи вакили дифои худ М. Рустамова ба додситонии Самарқанд муроҷиат карда, норозигии худро ба рафти тафтишот баён кардаанд.

Шикояти ҷониби ҷабрдидаро додситони вилояти Самарқанд Р. Машарипов баррасӣ карда, гуфтааст, парвандаи мазкур зери назорати додситонии вилоят қарор дошта, ба зудь ҳукми додгоҳ эълом хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG