Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пеш аз ворид шудан ба Узбекистон дар марз супурдани тести COVID-19 талаб мешавад


Узбекистон, ҷараёни санҷиши COVID-19
Узбекистон, ҷараёни санҷиши COVID-19

Аз 25-уми декабр онҳое, ки ба қаламрави Узбекистон ворид мешаванд, бояд дар марзи он кишвар ташхиси экспресс ва ё оҷили COVID-19-ро супоранд. Чунин талабот аз ҷониби Комиссияи махсуси мубориза бо коронавирус дар Узбекистон роҳандозӣ шуда, аз ҷумла ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам дахл дорад. Супоридани ташхиси иловагӣ, ҳатто барои онҳое ки аллакай чунин маълумотномаи тиббиро дар даст доранд, ҳатмӣ хоҳад буд. Нархи ташхиси оҷил дар марзи Узбекистон ҳудуди 20 доллари амрикоӣ мешавад. Дар сурати мусбат баромадани ташхис, беморро барои табобат ба маркази махсуси муолиҷаи коронавирус ваё ба хонааш мефиристанд. Талаботи нав дар ҳолест, ки теъдоди ҳарчӣ бештари муҳоҷирони тоҷик ин шабу рӯз Узбекистонро ҳамчун кишвари транзитӣ барои баргаштан аз Русия ба Тоҷикистон истифода мебаранд.

XS
SM
MD
LG