Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден дар назди дурбинҳои телевизион ваксинаи COVID-19 зад


Ҷо Байден, раиси ҷумҳури мунтахаби ИМА пас аз дарёфти нахустин навбати ваксинаи КОВИД-19 гуфт, ки хост лаҳзаи ваксина задани ӯ ба таври зинда аз ТВ пахш шавад ва ба мардуми кишвараш нишон диҳад, ки ваксина эмин аст ва ҳама бояд бо эътимод ба системаи тиббӣ, онро дарёфт кунанд.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико рӯзи душанбеи 21-уми декабр пас аз дарёфти нахустин навбати ваксинаи коронавирус дар назди дурбинҳои телевизионӣ гуфт, сабаб он аст, ки хост лаҳзаи ваксина задани ӯ ба таври зинда аз ТВ пахш шавад ва ба мардуми кишвараш нишон диҳад, ки ваксина эмин аст ва ҳама бояд бо эътимод ба системаи тиббӣ, онро дарёфт кунанд.

Раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико гуфтааст, ки авлавияти кори ҳукумати ӯ мубориза бо коронавирус хоҳад буд. То кунун бар асари ин беморӣ дар Амрико беш аз 315 ҳазор нафар ҷон бохта, беш аз 17,5 миллион нафар ба он мубтало шудаанд.

Раиси ҷумҳури Амрико, ки 78-сола мебошад, дар гурӯҳи афроди осебпазир аз ин беморӣ қарор дорад ва тибқи муқаррароти ҳукумати Амрико, дар раванди ваксиназанӣ пиронсолон дар авлавият қарор доранд. Чолиши пешоруи ҳукумати Байден, тақсими ваксинаи зидди КОВИД-19 дар байни миллионҳо амрикоӣ ва ташвиқи мардум ба ваксиназанӣ аст.

Ҷо Байден пас аз дарёфти нахустин ваксинаи КОВИД-19, коркунони бахши тандурустиро "қаҳрамон" номид. Ӯ гуфт, "ман ин ваксиназаниро анҷом медиҳам, ки ба мардум нишон диҳам бояд омода бошанд, ки ҳар замон ваксина дар дастрас буд, аз он истифода кунанд".

Вай афзуд, ки тақсими ваксина дар миёни мардум тул хоҳад кашид ва тайи ин муддат мардум бояд ба коршиносон ва табибон гӯш диҳанд ва дар сурати имкон дар давраи таътили солинавӣ аз сафар худдорӣ кунанд.

Ӯ бо арҷгузорӣ аз кори донишмандон, ки дар таҳияи ин ваксина даст доштаанд, гуфт, "ба назарам ҳукумат (Трамп) низ то ҳадде шоистаи таҳсин аст, ки тавонист бо барномаи босуръати худ ин корро ба поён расонад".

Камила Ҳаррис, муовини аввали раиси ҷумҳури мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ эҳтимолан ҳафтаи ояндаи аввалин навбати ваксинаи КОВИД-19-ро дарёфт кунад.

XS
SM
MD
LG