Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари як бонкдори зиндонии озарӣ дар додгоҳи Лондон мағлуб шуд


Замира Ҳоҷиева.
Замира Ҳоҷиева.

Ҳамсари собиқ бонкдори калони Озарбойҷон, ки дар давоми каме беш аз даҳ сол дар фурӯшгоҳи гаронфурӯши Harrods дар шаҳри Лондон 16 миллион фунт стерлинг (муодили 21,3 миллион доллар) сарф кардааст, дар даъвои охиринаш ҳам дар додгоҳ мағлуб шуд.

Додгоҳи олии Бритониё рӯзи 21 декабр гуфт, ки Замира Ҳоҷиева дар баҳс бо Оҷонсии ҷиноёти миллии Бритониё бар сари манбаи пулҳои калон мағлуб шуд. Агар Ҳоҷиева манбаи даромадҳои ҳангуфти пулии худро шарҳ дода натавонад, имкон дорад, ки хонаи боҳашаматашро дар кӯчаи Найтсбриҷи Лондон ва ҳам як майдони калони голфашро дар Беркшир аз даст бидиҳад.

Арзиши куллии ин ду моликият 22 миллион фунт стерлинг (муодили 29,2 миллион доллар) ҳисоб шудааст. Баҳси додгоҳии ӯ феврали соли 2018 шурӯъ шуд. Ҳамсари Замира Ҳоҷиева – Ҷаҳонгир Ҳоҷиев дар гузашта раиси муассисаи давлатии “Бонки байналмиллалии Озарбойҷон” буд ва ҳоло ӯ бар асоси иттиҳомоти марбут ба қаллобиву азхудкунии пулҳо мӯҳлати тӯлонии ҳабсро дар зиндони Озарбойҷон пуштисар мекунад.

Додгоҳи олӣ гуфт, ки ҳуқуқшиносони Оҷонсии ҷиноёти миллии Бритониё қонунро вайрон накардаанд. Вакилони Ҳоҷиева дар додгоҳ даъво доранд, ки зерҳимояи онҳо ғайриқонунӣ мавриди ҳадаф қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG