Дар Олмон як марди ростгарои ҳамлагар ба канисаи яҳудиҳо дар шаҳри шарқии Ҳалле ба ҳабси абад маҳкум шуд. Додгоҳе дар шаҳри Магдебург рӯзи 21-уми декабр Стефан Баллиети 28-соларо дар содир кардани ҷинояти сангин гунаҳгор номид ва ин ба он маъност, ки ӯ баъди 15 соли ҳабс ҳам наметавонад ба озодии пеш аз мӯҳлат умедвор шавад.
Баллиер эътироф кард, ки талош дошт ҳангоми ҷашнгирии иди Ём Киппури даҳҳо намозгузор дар таърихи 9-уми октябри соли 2019 ба каниса ворид шуда, ба онҳо ҳамла кунад. Баъди он ки дари азиму сангине нагузошт, ки ҳамлагар вориди каниса шавад, ӯ аввал як занеро, ки дар наздикӣ буд ва баъд мардеро, ки дар як кабобфурӯшии ҳамсоя қарор дошт, кушт.
Ин ҳодисаро яке аз ҳамлаҳои сангинтарини зидди яҳудиҳо аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон меноманд. Дар давоми панҷ моҳи муҳокимаҳои додгоҳӣ Баллиет ҳеҷ гоҳ аз кардааш пушаймон нашуд ва то охир Ҳолокост – яҳудикушиҳои даври Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷониби режими Олмони фашистиро рад мекард.
Солҳои охир ҷиноят алайҳи яҳудиҳо дар Олмон афзоиш меёбад.