Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА истифодаи воксинаи Moderna шурӯъ мешавад


Даромадгоҳи ширкати Moderna Therapeutics, ки воксинаи зидди COVID-19-ро сохтааст. Массачусетс, ИМА
Даромадгоҳи ширкати Moderna Therapeutics, ки воксинаи зидди COVID-19-ро сохтааст. Массачусетс, ИМА

Имрӯз дар Амрико истифодаи ваксинаи зидди коронавируси ширкати Moderna ба истифода дода мешавад. Ахиран ниҳодҳои давлатии ИМА истифодаи изтирории ин ваксинаро иҷозат доданд. Ҳафтаи гузашта ИМА истифодаи ваксинаи зидди коронавируси ширкати Pfizer-Biotech-ро ҳам иҷозат дода буд. Феълан дар Амрико афзоиши нигаронкунандаи сирояти коронавирус ва ё бемории COVID-19 ва фавт аз он ба назар мерасад. Пандемияи коронавирус дар гӯшаҳои мухталифи олам ҳам нафарони бештарро сироят мекунад, вале ташвиши амиқ аз Бритониё садо медиҳад, ки дар он ҷо шакли тағйирёфтаи коронавирус зуҳур намудааст. Як идда мамолики дунё равуо бо Бритониёро муваққатан манъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG