Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намуди нав ва тезпаҳншавандаи коронавирус равуо ба Бритониёро қатъ кард


Акс аз бойгонӣ

Дар Бритониё намуди нави коронавирусро ошкор кардаанд, ки суръати паҳншавиаш назар ба вируси феълӣ тезтар аст. Бисёре аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо фавран ҳамаи парвозҳо аз ва ба Бритониёро лағв карданд.

Шакл ё намуди нави коронавирус дар ҷануби Бритониён шиносоӣ шудааст. Вазири беҳдошти ин кишвар, шакли нави коронавирусро аз лиҳози суръати паҳншавӣ "идоранашаванда" хонд.

Хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" рӯзи якшанбеи 20-уми декабр хабар дод, ки Фаронса ҳамчун яке аз охирин кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо равоуи ҳавоӣ, заминӣ ва обиро бо Бритониё қатъ кард.

Белгия ҳам аз нимашаби якшанбе ба муддати 24 соат ҳамаи парвозҳо аз Бритониё ва ҳаракати қатораҳо ба ин кишварро манъ кардааст.

Австрия ва Итолиё ҳам эълон карданд, ки парвозҳо аз Бритониёро қатъ хоҳанд кард, аммо нагуфтанд, ки ин кор аз кай шуруъ мешаванд. Даҳҳо парвозе, ки қарор буд рӯзи якшане аз Бритониё ба шаҳрҳои мухталифи Итолиё анҷом шаванд, лағв шуданд.

Давлати Испониё гуфт, масъаларо ба Шӯрои Аврупо дар миён ниҳодааст, то ба вазъият "вокуниши ҳамагонӣ ва муштарак" нишон диҳанд. Вале сарфи назар аз ин мақомоти Испониён гуфтанд, "барои ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии шаҳрвандон" иқдом хоҳанд кард.

Арабистони Саудӣ ва Эрон аз нахустин кишварҳои берун аз ИА буданд, ки ба қатъи равуо бо Бритониё иқдом карданд. Дар ИМА волии Ню Йорк, Эндрю Гуомо низ гуфт, хостори қатъи парвозҳо байни Бритониё ва ИМА аст.

Сокинони шаҳри Лондон ва ноҳияҳои ҷануби шарқи Инглистон аз рӯзи якшанбе ба маҳдудиятҳои нав рӯбарӯ шуданд. Мақомоти ин кишвар маҳдудиятҳои тозаро баъди он ҷорӣ карданд, ки 1100 мавриди ибтило ба намуди нави коронавирус шиносоӣ шуд.

Мақомоти Бритониё мегӯянд, Созмони ҷаҳонии беҳдоштро дар ҷараёни вазъияти феълӣ қарор додаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки ваксинаи Pfizer-BioNTech то куҷо ба шакли нави коронавирус таъсир мерасонад.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG