Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Тоҷикистон сафар мекунад


Абдуллоҳ Абдуллоҳ
Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Абдулло Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба Тоҷикистон сафар мекунад. Қарор аст, Абдуллоҳ Абдуллоҳ имрӯз 21-уми декабр вориди шаҳри Душанбе шавад.

Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон бо пахши эъломияе гуфт, Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо ҳадафи ҷалби ҳимояти минтақавӣ барои сулҳ, ба Тоҷикистон меравад.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон гуфт, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ мулоқот мекунад.

Иттилои бештаре дар бораи сафари Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Тоҷикистон маълум нест.

Оқои Абдуллоҳ пеш аз ин бо чанд кишвари дигари Осиёи Маркази аз ҷумла Узбекистон рафта буд. Вай ҳамчунин бо ҳадафи ҷалби ҳимояти минтақавӣ аз барномаи сулҳ аз Эрон, Ҳиндустон ва Покистон низ боздид карда буд.

XS
SM
MD
LG