Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео Русияро ба ҳамлаи киберии зидди идораҳои Амрико айбдор кард


Майк Помпео
Майк Помпео

Вазири корҳои хориҷии Амрико Русияро муттаҳам кард, ки дар паси ҳамлаи сайберӣ ё кибернетикӣ ба идораҳои Амрико ва аҳдофи тиҷоратӣ дар сартосари ҷаҳон қарор дорад.

Майк Помпео рӯзи 18-уми декабр гуфт, як кӯшиши ҷиддӣ сурат гирифтааст, то тавассути нармафзоре ба системаҳои ҳукумати Амрико дохил шаванд.

Ӯ афзуд, ин ҳамла бисёр ҷиддӣ мебошад ва акнун рӯшан гуфта метавонанд, ки русҳо дар пушти ин ҳамла буданд. То ҳол мақомоти Амрико аз ишора ба сарчашмаи таҳдидҳои сайберӣ худдорӣ мекарданд ва раиси ҷумҳур Доналд Трамп ҳам дар мавриди он хомӯшӣ ихтиёр карда буд.

Ширкати "Майкрософт" гуфтааст, ба 40 муштарии бузурги худ дар ин маврид огоҳӣ дод ва мутахассисони амниятӣ мегӯянд, ҳамлаварон бо ин талош метавонанд шабакаҳои ҳассоси иттилоотии ҳукуматиро рахна кунанд.

Ширкат гуфтааст, ҳаштод дарсади муштариёне, ки бо ин хатар рӯ ба рӯ ҳастанд, дар Амрико ҷойгиранд. Қурбониёни дигари ҳамлаи сайберӣ дар Белгия, Бритониё, Канада, Исроил, Мексика, Испания ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мебошанд.

Муовини раиси Маркази байнулмилалии тадқиқоти стратегӣ Ҷеймс Люуис гуфт, ин ҳамла метавонад бадтарин зарба ба Амрико бошад, ки ҳатто рахнаи эҳтимолии соли 2014-и Чинро зери соя қарор хоҳад дод.

Вай ба хабаргузории "Франс Пресс" гуфт, онҳо намедонанд, то ҳол чӣ гирифта шуда ва ин яке аз вазифаҳои шабакаҳои таҳқиқотӣ ҷиноӣ мебошад, ки пайдо кунанд.

Дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ё кибернетикӣ расонаҳо рӯзи 13-уми декабр гузориш доданд. Манобеи онҳо гуфтанд, ки ҳакерҳои мустақар дар Русия масъули он мебошанд. Сафорати Русия ин хабарҳоро рад кард.

Вазоратҳои амнияти дохилӣ, хазонадорӣ ва тиҷорат аз идораҳое ҳастанд, ки аз ин ҳамла осеб дидаанд. Вазорати энержии Амрико ҳам гуфтааст, системаи он ҳак шуд. Идораҳои амниятии Амрико дар ин маврид таҳқиқоти ҷиддиро оғоз карда, рӯзи 18-уми декабр дар ин маврид ба аъзои Конгресс маълумот доданд.

XS
SM
MD
LG