Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Амрико ба истифода аз ваксинаи Moderna ҳам иҷозат доданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Идораи ғизову дорувори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои истифодаи фаврӣ аз ваксинаи дувуми зидди коронавирус, ки маҳсули ширкати Moderna аст, иҷозат дод. Як рӯз пеш гурӯҳе аз мутахассисон истифода аз ин ваксинаро тасдиқ карданд. Ваксинаи аввале, ки дар Амрико барои истифода иҷоза дода шуд, маҳсули ширкатҳои амрикоиву олмонии Pfizer - BioNTech аст. Ин ваксина дар давраи озмоишӣ нишон додааст, ки 95 дарсад манфиатовар аст. Бемории COVID-19, ки як сол пеш дар шаҳри Вуҳани Чин ошкор ва баъдан ба ҷаҳон паҳн шуд, то кунун ба беш аз 75 миллион кас сироят карда, зиёда аз 1 миллиону 676 ҳазор нафарро куштааст. Дар Иёлоти Муттаҳида то 19-уми декабр тақрибан ҳабдаҳуним миллион нафар бемор шуда, беш аз 313 ҳазор тан ҷони худро аз даст додаанд.

XS
SM
MD
LG