Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Помпео: "Ҳадафи таҳримҳо ба зидди Туркия пешгирӣ аз густариши нуфузи Русия аст"


Майк Помпео
Майк Помпео

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт, ҳадафи асосӣ аз таҳримҳои ин кишвар, ки ба зидди Туркия барои харидани мушакҳои русии С-400 ҷорӣ шуданд, пешгирӣ аз густариши нуфузи Русия ба ҳисоб меравад.

Помпео ҳафтаи равон бо ҳамтои туркаш Мавлуд Човушоғлу суҳбати телефониеро анҷом дод. Ҷонибҳо дар рафти он таҳримҳоеро баррасӣ карданд, ки Вашингтон ба зиддди Анқара ҷорӣ намудааст.

Сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Кейл Браун гуфт, Помпео дар суҳбат бо Мавлуд Човушоғлу дақиқ фаҳмондааст, ки хариди мушакҳои С-400 амнияти низомиён ва техникаҳои ҳарбии Амрикоро зери хатар гузошта, ба Русия имкони дастрасӣ ба нерӯҳои мусаллаҳи Туркия ва саноати дифоии онро хоҳад дод.

Ба гуфтаи Помпео, ҳадафи таҳримҳо пешгирӣ аз густариши нуфузи Русия ба дигар кишварҳо ва халал расондан ба даромади он аз фурӯши силоҳ мебошад. Ӯ гуфтааст, ИМА қасди ба ҳам задани тавонмандии низомиву ҷангии артиши Туркия ва кишварҳои дигарро надорад.

Котиби давлатии ИМА аз Анқара даъват кардааст, ки "мушкили марбут ба мушакҳои русиро бар пояи ҳамкориҳои таърихии ду кишвар дар бахши дифоӣ ҳал кунад".

XS
SM
MD
LG