Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дастур додааст, ки бо ҳадафи таъминоти дохилӣ содироти гази моеъ ба хориҷа коҳиш дода шавад. Президенти Узбекистон дар ҷаласаи ҳукуматӣ, ки ба баррасии масъалаи омодагиҳо ба зимистон бахшида шуд, гуфт, ки кишвараш барои қонеъ кардани ниёзҳои дохилӣ ба 20 миллион метри мукааб газ ниёз дорад. Тибқи гузоришҳо, ин иқдоми Мирзиёев имкон медиҳад, ки тахминан 7-8 миллион метри мукааб гази табии иловагӣ дар ихтиёри муштариёни узбекистонӣ қарор дода шавад. Ба мансабдорон супориш дода шуд, ки назорати 25 кони гази табииро ба ихтиёри сармоягузорон супурда, аз талвидкунандагони дохилӣ наздик ба 217 ҳазор тонна гази моеъ харанд. Зимистони имсола дар Узбекистон хеле сард омад ва боиси қатъ шудани таъмини нерӯи барқ гардид. Ҳоло маълум нест, дастури Шавкат Мирзиёев ба интиқоле газ ба Тоҷикистон чӣ таъсире мерасонад. Узбекистон баъди танаффуси шашсола, соли 2018 фурӯши гази моеъро ба Тоҷикистон аз сар гирифт. Феълан беш аз 10 корхонаи саноатии тоҷик, аз ҷумла ширкати алюминийии тоҷик ё "Талко" аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мекунанд.
Дар зимистони бебарқи Узбекистон, Мирзиёв ба коҳиши содироти гази моеъ амр дод
