Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пашинян гуфт, дар натиҷаи ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ ӯ гунаҳкор нест


Никол Пашинян
Никол Пашинян

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, масъулияти нокомиии кишварашро дар низои ахири Қарабоғ бар зимма мегирад, вале бо ин ки мегӯянд, гунаҳкори асосӣ ӯ аст, розӣ нест.

Пашиян ҳамчунин иддао дар бораи онро ки гӯиё маҳз сиёсатҳои вай ба сар задани низоъ дар Қарабоғи Куҳӣ ва супоридани чандин ноҳияи минтақа ба Озарбойҷон сабаб шудааст, бори дигар рад кард. Ба гуфтаи ӯ, ҷанг дар Қарабоғ бо сабабҳое ногузир буд.

Вай дар мавриди эъломи интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ, ки мухолифони Арманистон ба он даъват доранд, афзуд, ки ба танҳоӣ наметавонад дар ин замина қарореро қабул кунад.

Дар шаҳри Еревани Арманистон эътирозҳо бо талаби истеъфои сарвазир Пашинян идома доранд. Тазоҳургарон ба нокомии Арманистон дар низои ахири Қарабоғ сарвазири худро айбдор мекунанд.

Мухолифони Арманистон таҳдид карданд, ки аз 22 декабр даст ба корпартоии умумимиллӣ хоҳанд зад.

Вале Пашинян мегӯяд, қасди рафтан аз мақомашро надорад. Ҷонибдоронаш, ки ҷиноҳи аксариятро дар порлумон ташкил медиҳанд, гуфтанд, омодаанд баргузории интихоботи пеш аз муҳлатро баррасӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG