Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдорони Бадахшони Афғонистон гуфтаанд, "ҷангҷӯёни хориҷӣ ба ноҳияҳои марзӣ рафтанд"


Маркази Моймай, Дарвози Бадахшони Афғонистон

Мақомҳои маҳаллӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон тасдиқ кардаанд, ки "чандсад ҷангҷӯйи хориҷӣ аз ноҳияҳои Ҷурму Вардуҷ ба ноҳияҳои Моймай, Нусай ва Роғистон дар ҳамсоягии Тоҷикистон рафтаанд".

Ахтармуҳаммад Хайрзода, муовини волии Бадахшон рӯзи 16-уми декабр ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, "ҳудуди 450 террористи хориҷӣ аз кишварҳои гуногун дар вилояти Бадахшон ҳузур доранд".

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то кунун ҳувияти аз 80 то 100 шаҳрванди Тоҷикистонро маълум кардаанд, ки дар вилояти Тахор ва Бадахшони Афғонистон дар сафи гуруҳҳои тундрав қарор доранд.

Ахтармуҳаммад Хайрзода гуфт, иттилооти онҳо нишон медиҳад, ки ҷангҷӯён бо чаҳор гурӯҳ – Ҷамоати Ансоруллоҳ, Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ, Ҷунбиши исломии Убекистон ва Иморати исломии Қафқоз – робита доранд. "Маркази асосии ҷангҷӯён ноҳияи Вардуҷ аст. Вақтҳои охир бо истифода аз ноамниҳо, ки дар вилоят вуҷуд дошт, ба ноҳияҳои марзии мо – Моймай ва Нусай рафтаанду фаъолият доранд. Ва нигарониҳое, ки Тоҷикистон дорад, бешак ба ҷо аст", -- афзуд ӯ.

Мақомҳои ҳукумати Тоҷикистон гуфтаанд, аз тамоми тавон барои пешгирӣ аз нуфузи террористон ба хоки ин кишвар истифода мекунанд. Як мақоми марзбонии Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш рӯзи 16-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодисаҳои он сӯи марзро дар ҳамкорӣ бо мақомоти афғон пайгирӣ доранд.

"Бо мақомоти афғон тамоси доимӣ дорем. То куҷо ин гуруҳҳо ба марз наздик меоянд, маълумоти фаврӣ дастрас мешаванд. Марзбонон тавони мубориза бо ҳама гуруҳҳоро доранд", --гуфт ӯ.

Хилватшоҳи Маҳмуд, огоҳи масоили минтақаӣ аз Тоҷикистон ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ҳузури ҷангҷӯёни хориҷӣ дар минтақаҳои марзии Бадахшон хатари бузурге барои кишварҳои минтақа пиндошта мешавад. Ӯ мегӯяд, барои ҷангҷӯёни хориҷӣ дину мазҳабу кишвар матраҳ нест ва агар ҷилави онон гирифта нашавад, ба як хатари бузурге мубаддал хоҳанд шуд.

Ӯ афзуд: "Террористҳое, ки дар манотиқи марзии Афғонистон дар марзи Тоҷикистон ҳастанд, бидуни шак барои Афғонистону Тоҷикистон нигаронкунанда аст. Бояд пеши роҳи ин террористон қаблан гирифта шавад, вагарна барои ҳар кишвари дигаре мушкил ба вуҷуд меоранд."

Самеуллоҳ Сайҳун, аз огоҳони минтақавӣ дар Бадахшони Афғонистон ба ин бовар аст, ки агар ҳукумат ба ҳузури ҷангҷӯёни хориҷӣ дар ин вилоят тавваҷуҳи ҷиддӣ накунад, мумкин аст, шоҳиди пайомадҳои ногуворе бошанд.

"Нигаронӣ аз ҳузури террористони хориҷӣ дар Бадахшон ин аст, ки дар сурате ҳукумати марказӣ ба вазъияти амниятии Бадахшон таваҷҷуҳ накунад, кишварҳои Осиёи Миёна ва бахусус Русияву Чин ба хотири амнияти кишварашон бе тафовут намебошанд. Мумкин аст, онҳо иқдом кунанд ва Бадахшон дар ояндаи начандон дур ба як набардгоҳи миёни кишварҳои марказӣ ва кишварҳои қудратманде ба монанди Чину Русия ва гурӯҳҳои террористон мубаддал шавад", -- илова кард ӯ.

Масъулони маҳаллӣ дар Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ҷангҷӯёни хориҷӣ дар канори Толибони маҳаллӣ меҷанганд. Аммо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, як сухангӯйи Толибон бо радди ин изҳорот ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ба ҷангҷӯёни хориҷӣ ниёз надоранд.

Як мақоми тоҷик гуфт, ки инҳо бо парчами Толибон ҷанг мекунанд, аммо таҳқиқи онҳо нишон дод, ки гуруҳи “Ансоруллоҳ” ҳанӯз вобастаи “Ал-Қоида” аст.

“Инҳо бераҳм ҳастанд. Дар навор дидед, ки сарбозону афсарони афғон фикр мекунанд, инҳо Толибони худашон ҳастанд, даст бардошта таслим мешаванд, вале онҳоро мекушанд ва асир намегиранд. Агар пурра тобеи Толибон мешуданд, сарбозону афсаронро асир мегирифтанд. Онҳо асиронро бо асирони худашон иваз мекунанд”, -- гуфт мақомдори тоҷик.

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари масоили мазҳабӣ, мегӯяд, эҳтимоли зиёди ҳамкории ин гуруҳҳо бо «Ал-Қоида» вуҷуд дорад, «вале муносибати онҳо бо Толибон хеле хуб аст ва дар мувофиқа бо онҳо кору амал мекунанд».

Тибқи тавофуқи моҳи феврали имсол байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Толибон, ин гурӯҳ гуфтааст ба ҳеч гурӯҳи террористӣ иҷоза нахоҳад дод, ки манофеи Амрико ва муттаҳидонашро аз Афғонистон ба хатар биандозад. Агар ин ваъда амалӣ шавад, Вашингтон тамоми нерӯҳояшро то нимаи соли оянда аз Афғонистони берун хоҳад кард.

Ҳукумати ҳозираи Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, то понздаҳуми январ теъдоди нерӯҳои амрикоиро дар Афғонистон аз 4500 ба 2500 хоҳанд расонд. Бархеҳо дар Иёлоти Муттаҳида ва низ муттаҳидони аврупоии Вашингтон аз хуруҷи зудҳангом аз Афғонистон ҳушдор додаанд.

Ахтармуҳаммад Хайрзода, муовини волии Бадахшони Афғонистон ҳам мегӯяд, хуруҷи зудҳангоми нерӯҳои амрикоӣ ба вазъи амниятии Бадахшон таъсир хоҳад гузошт. Вилояти Бадахшони Афғонистон бо Бадахшони Тоҷикистон беш аз 900 километр марз дорад.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG