Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ронандае дар марз бо Тоҷикистону Қирғизистон


Деҳае дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд
Деҳае дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд

Марзбонони қирғиз дар постгоҳи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд аз интиқоли маводи сухти қочоқӣ ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардаанд. Дар ин бора Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ додааст. Ба қавли манбаъ, сарҳадбонон мошини тамғайи “Мерседес Бенс”-ро, ки таҳти идораи шаҳрванди Тоҷикистон будааст, манъ кардаанд. Гуфта мешавад, ронандаи мошин мехост бо роҳи ғайриқонунӣ 3 тонна сӯзишвории дизелиро ба тарафи Тоҷикистон гузаронад. Ронандаи боздоштшуда ва маводи сӯхти мусодирагардида барои идомаи тафтишот ба ниҳодҳои марбута супорида шудаанд.

XS
SM
MD
LG