Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши Канада: "Эрон дар бораи ҳавопаймои сарнагуншудаи украинӣ таҳқиқоти ҷиддӣ анҷом надодааст"


Як ниҳоди мустақил канадаӣ дар як гузориши 79-саҳифаӣ мегӯяд, Эрон дар бораи сарнагунии ҳавопаймоии украинӣ таҳқиқоти дуруст ва ҷиддӣ анҷом надодааст ва пурсишҳои бисёреро бепосух гузоштааст.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", гузориши ёдшуда нишон медиҳад, ки Канада аз таҳқиқоти Эрон дар бораи сарнагун шудани ҳавопайи украинӣ бо мушаки Сипоҳи Посдорон дар наздикии Теҳрон, ноумед шудааст.

Ҳодиса 8-уми январи соли ҷорӣ рух дод ва бар асари он 176 нафар, аз ҷумла шаҳрвандони Эрон, Канада, Украина, Бритониё ва Афғонистон ҷон бохтанд.

Сипоҳи посдорони Эрон пас аз чанд рӯзи пинҳонкорӣ, дар ниҳоят дар пайи ироаи нишонаҳо аз бархӯрди мушак ба ҳавопаймои сарнагуншуда аз сӯи бархе кишварҳо, эълон кард, ки ин ҳавопаймо ба таври тасодуфӣ ва иштибоҳӣ ҳадаф қарор гирифтааст.

Як вазир дар ҳукумати Канада, ки ҳоло масъули кӯмак ба хонаводаҳои қурбониён ва чигунагии пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо дар оянда аст, мегӯяд, бисёре аз нуқтаҳои асосии қазияи сарнагунии ҳавопаймои украинӣ ҳанӯз номушаххас боқӣ мондааст.

Вай гуфтааст, ки Эрон масъул мебошад ва ҳанӯз таҳқиқоти шаффофе дар бораи сарнагунии ин ҳавопаймо анҷом надодааст ва пурсишҳои муҳиме бидуни посух мондааст.

Моҳи гузашта як оҷонси ҳавопаймоии Созмони Милали Муттаҳид аз Эрон хост, то ҳарчи зудтар дар ин бора таҳқиқоти худро анҷом диҳад. Охирҳои моҳи гузашта Украина ҳам Эронро ба таъхир дар ин таҳқиқот муттаҳам кард.

Мақомоти Канада мегӯянд, ки Эрон бояд шарҳ диҳад, чигуна системаи радарии кишвар як ҳавопаймои мусофирбариро ҳамчун таҳдид қаламдод кард ва чаро осмони кишвар боз нигаҳ дошта шуда буд ва кадом мақоми Сипоҳ дастури ҳадаф қарор додани ҳавопайморо додааст?

Ҳавопаймои украинӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ аз сӯи Сипоҳи посдорон сарнагун шуд ва ҳамаи 176 мусофир ва ҳайати парвоз ҷон бохтанд.

Ҳукуматҳои Канада ва Украина гуфтааанд, Эрон ба ваъдаҳояш дар маврид посух додани комил амал накардааст ва ҳамкориҳои лозимро барои рушан шудани "ҳақиқат" анҷом намедиҳад.

Тибқи гузоришҳо, шуморе аз наздикони қурбониёни ин ҳодиса дар Эрон аз суи мақомот таҳдид шудаанд, ки хомуш бошанд ва дар ин бора суҳбат накунанд. Ҳамчунин касоне, ки ба ин ҳодиса эътироз мекунанд, ба боздошт ва ҳабс таҳдид шудаанд.

XS
SM
MD
LG