Дар беморхонаҳои Туркманободи Туркманистон рӯзҳои 11 ва 12 декабр 15 беморе фавтидааст, ки нишонаҳои мубталошавӣ ба коронавирусро доштанд.
Дар ҳамин ҳол, шумори беморони монанд ба COVID-19 дар Туркманистон бо гузашти ҳар рӯз бештар мешавад. Аз сӯи дигар, мақомоти Туркманистон мегӯянд, дар ин кишвар ҳеч ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт нашудааст.
Дар беморхонаҳои Туркманистон ба беморони шабеҳи гирифторӣ ба коронавирус ташхиси илтиҳоби шуш мегузоранд.
Дар дорухонаҳои Туркманистон камбуди дору мушоҳида мешавад.