Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи гумонбарон ба қатли ду духтар дар Варзоб оғоз шудааст


Лаҳзае аз мурофиаи гумонбарон. Акс аз сомонаи Додгоҳи шаҳри Душанбе
Лаҳзае аз мурофиаи гумонбарон. Акс аз сомонаи Додгоҳи шаҳри Душанбе

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 10-уми декабр ба муҳокимаи ду ҷавон оғоз кардааст, ки ба қатли ду духтар дар ҳудуди ноҳияи Варзоб гумонбаранд.

Ҷасади Замирамоҳ Ҳайдароваи 29-сола ва Меҳрафрӯз Холмирзои 19-соларо тобистони имсол дар маҳаллаи Харангон ёфтанд. Яке аз онҳо ду солу ҳашт моҳ ва дигаре панҷ моҳ бедарак буд.

Нуриддин Маликзода, корманди Додгоҳи шаҳри Душанбе, мегӯяд, дар курсии айбдорӣ Дониёр Сафаров ва Саъдулло Раупов нишастаанд ва бар асоси моддаи "куштор" муҳокима мешаванд. Дар сурати тасдиқи иттиҳом, ба онҳо аз 15 то 25 соли маҳруми аз озодӣ ё ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад.

Ҷузъиёти дигари мурофиа маълум нест. Қаблан ду гумонбар дар наворе, ки тавассути мақомоти корҳои дохилӣ паҳн шуд, ба гуноҳи худ иқрор карда, ҷойи ҳодисаро нишон доданд. Маълум нест, он таҳти чӣ шароите ба даст омадааст.

Намояндагони Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар изҳороти расмӣ гуфтанд, Замирамоҳ Ҳайдарова ва Дониёр Сафаров бо якдигар ошно будаанд: "Гумонбар дар заминаи нофаҳмӣ ва рашк пайваста духтарро латукӯб карда, бо рафиқаш Саъдулло Раупов нақшаи қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани номбурдаро тарҳрезӣ намудаанд."

Ба иттилои расмӣ, Меҳрафрӯзи Холмирзо моҳи апрели имсол ҳамчун мусофир ба мошини Саъдулло Раупов нишастааст: "Дар дохили мошин ӯро зада, аз ҳолати беҳушӣ ва оҷизияш истифода бурда, ба теппаҳои деҳаи Харангон бурдааст ва пешниҳоди робитаи ҷинсӣ кардааст. Баъд аз шунидани ҷавоби рад буғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст."

Хонаводаи гумонбарон ва ё вакилони мудофеашон то кунун дар ин бора ибрози назар накардаанд. Аммо эълони мақомот ва нашри видеои гумонбарон бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба хашм овард ва онҳо аз мақомот хостанд, ҷазои сахт бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG