Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қариб 400 рӯзноманигор дар саросари дунё дар зиндон қарор дорад


На камтар аз 387 корманди расонаҳо дар саросари дунё барои иҷрои вазифаҳои касбӣ зиндонӣ шудаанд. Дар ин бора дар гузориши созмони ҳомии ҳуқуқи "Хабарнигорони бидуни марз" зикр шудааст. Аз Тоҷикистон дар гузориш исми журналисти мустақил Далер Шарипов ёд шудааст, ки моҳи апрел бо иттиҳоми барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ ба як соли зиндон маҳкум шуд. Наздиконаш ин ҳукмро ноодилона номиданд.

Бештаре аз ин рӯзноманигорон дар зиндонҳои панҷ кишвар: Чин, Арабистони Саудӣ, Миср, Ветнам ва Сурия қарор доранд.

Зиёда аз 50 рӯзноманигор дар соли 2020 бе ному нишон шудаанд ё дар Сурияву Ироқу Яман дар асорат ҳастанд.

Ба фарқ аз соли гузашта дар соли ҷорӣ шумори занҳои хабарнигоре, ки зиндонӣ шудаанд, 35 дарсад - аз 31 то 42 нафар афзудааст.

Гузориши "Хабарнигорони бидуни марз" дар бораи хушунат алайҳи рӯзноманигорон аз соли 1995 ба ин тараф ҳамасола нашр мешавад.

XS
SM
MD
LG